Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Варзишгарон - дар меҳвари чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон

24.05.2018

: 1857

23 май дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид, ки дар меҳвари ин ҷашни шубоб варзишгарон қарор доштанд.

Чорабиниҳои марказии Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Душанбе дар Боғи “Ирам” баргузор шуд. Аз субҳи барвақт дар баробари ҷавонони касбу кори гуногун варзишгарон дастовардҳояшонро ба намоиш гузошта, дар ҳар гӯша ба бозиҳои варзишӣ, аз қабили волейбол, шоҳмоту шашка, вазнбардорӣ ва тенниси рӯи миз машғул шуданд. Нимаи дуюми рӯз роҳпаймоии ҷавонон сурат гирифта, Рӯзи ҷавонон дар амфитеатри Боғи “Ирам” бо барномаи фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.
Аҳтам Абдуллозода – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни ироаи сухани табрикӣ аз таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки таъсиси Стипендияи президентӣ ва номӣ, Квотаи Президент барои хонандагони минтақаҳои дурдаст, Стипендияи байналмилалии президентӣ “Дурахшандагон”, қабули қонуну барномаҳои рушди иҷтимоии ҷавонон, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад.
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, санаи 23 май дар саросари кишвар зиёда аз 464 мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ бо фарогирии 61346 нафар, 11451 нафараш бону доир гардиданд, аз ҷумла дар ВМКБ 19 мусобиқа бо иштироки 1491 нафар, дар вилояти Суғд 231 чорабинӣ бо иштироки 19260 нафар, дар вилояти Хатлон 93 чорабинӣ бо иштироки 6558 нафар, дар шаҳри Душанбе 66 чорабинӣ бо иштироки 5520 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 54 чорабинӣ бо иштироки 28517 нафар.  

















АКСҲО АЗ "JAVONON.TJ"