Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Муваффақияти варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ушу

Муваффақияти варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ушу Муваффақияти варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ушу

23.05.2018

: 1582

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ушу, ки 18-19 майи соли равон дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гашт, соҳиби 3 медал гардиданд.

Дар ин мусобиқа кишвари моро 3 нафар намояндагӣ карданд. Фузайл Қурбонов дар вазни -56 кг, Раҳматҷон Ахмедов дар вазни -65 кг ва Мирзодалер Хуршедзода дар вазни -70 кг сазвори медали биринҷӣ шуданд.
Тавре варзишгар Мирзодалер Хуршедзода хабар дод, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарони 10 давлат миёни ҳам рақобат карданд.
Иштирок дар ин мусобиқа як марҳилаи омодагии варзишгарон ба Бозиҳои Осиё, ки моҳи августи соли равон дар Индонезия доир мешавад, ба ҳисоб меравад. Варзишгарони мо оид ба намуди ушу барои омодагӣ ба Бозиҳои Осиё, ҳамчунин моҳи июл дар чемпионати Осиёи Марказӣ дар Иссиқкӯли Қирғизистон ва моҳи август дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон ширкат мекунанд.
Хуршедзода Мирзодалер ёдовар шуд, ки моҳи октябри соли гузашта дар чемпионати ҷаҳон оид ба ушу дар давлати Чин 2 медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Моҳи декабр дар Ҷоми кушоди Аврупо дар шаҳри Санкт Петербурги Руссия бошад, дар намудҳои гуногуни ин намуди варзиш сазовори 5 медали тилло гардид. Дар Ҷоми Аврупо, ҳамчунин Нигина Ҷамолова 2 медали тилло, 1 нуқра, Муҳаммад Ахмедов 1 медали тилло ва Саидафзал Икромов 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Дар аксҳо: 1. Фузайл Қурбонов ва Мирзодалер Хуршедзода. 2. Мирзодалер Хуршедзода