Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Анастасия – ғолиби “Tajikistan Tennis Federation Cup”

21.05.2018

: 1305

Анастасия Турсунова – теннисбозбонуи рақами яки кишвар – ғолиби 2-юм мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон гардид.

Ба иттилои “news.tj”, Анастасия дар роҳ ба ғолибият бар Линнелли Эн Тонг Лим (Сингапур) бо ҳисоби 5:7, 6:3, 6:3, дар чорякфинал бар варзишгари Узбекистон Ирис Турсунова – 6:1, 6:1 ва дар нимфинал бар варзишгари Руссия Дана Шакирова – 7:6, 6:1 ғалаба кард. Дар финал бо намояндаи дигари Руссия Алена Кубанова вориди майдон шуда, бо ҳисоби 6:2, 7:5 пирӯз гардид.
Дар рақобатҳои ҷуфтӣ медали тилло насиби варзишгарони Руссия Алена Кубанова/София Шаронова шуд. Ин ҷуфт дар финал бар ҷуфти дигари Руссия Анна Григорева/Арина Гумерова дастболо шуд – 6:3, 6:2.
Миёни ҷавонон теннисбози узбекистонӣ Марк Трякшин пирӯз шуд. Ӯ дар финал варзишгари рус Никита Ланинро мағлуб намуд – 6:4, 1:6, 6:3.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаҳои байналмилалии “Tajikistan Open” ва “Tajikistan Tennis Federation Cup”, ки аз 5 то 18 май дар корти тенниси Роҳи оҳани Тоҷикистон баргузор шуд, 210 варзишгари то 18-сола аз 36 давлат ширкат карданд.