Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми КФО-2018: “Истиқлол” аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт

17.05.2018

: 1313

Дар доираи бозиҳои даври ниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон аз тими “Олтин Асир”-и Туркманистон мағлуб шуд.

Бозӣ шоми дирӯз – 16 май – дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 2:3 анҷом ёфт. Дар нимаи аввали дидор “Истиқлол” ба дарвозааш 2 гол сар дод. Дар сонияи 30-юм футболбози тими меҳмон Фурқат Турсунов ҳисобро кушод ва дар дақиқаҳои иловагии нимаи аввал ҳамдастааш Зафар Бобоҷонов ҳисобро афзуд. Шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев дар нимаи дуюм ташаббусро ба даст гирифтанд ва ба воситаи Николай Зенко ва Аҳтам Назаров 2 маротиба дарвозаи тими ҳарифро рахна карданд. Вале дар дақиқаҳои иловагӣ бозингари “Олтин Асир” Михаил Титов голи ғолибяитро ба самар расонд.
Ҳамин тариқ, тими “Истиқлол” дар гурӯҳи “D”-и Ҷоми КФО-2018 ҷои дуюмро ишғол карда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт. Ягона роҳхат барои идомаи сабқат дар соли 2018 насиби тими “Олтин Асир” гардид, ки бо тафовути як хол аз тими Душанбе ҷои якумро сазовор гашт.