Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон: Натиҷаи мусобиқаҳои волейбол ва басткетбол

08.05.2018

: 1378

Дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 мусобиқаҳои волейбол ва баскетбол миёни мардон ва бонувон доир гашт.

13-17 апрели соли равон дар шаҳри Истаравшан мусобиқа оид ба баскетбол миёни мардон ва аз 21 то 25 апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба баскетбол миёни бонувон доир шуд.
Сабқати волейбол бошад, 21-25 апрел дар шаҳри Бохтар миёни мардон ва 28 апрел – 2 май дар шаҳри Хуҷанд миёни бонувон баргузор гашт.
Дар мусобиқаҳо дастаҳои ВМКБ, Душанбе, Суғд, Хатлон-1, Хатлон-2 ва ШНТМ рақобат карданд.

Ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 дар намуди баскетбол:
БОНУВОН:
1. Суғд
2. ВМКБ
3. Душанбе

МАРДОН
1. Душанбе
2. ВМКБ
3. Суғд

Ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 дар намуди волейбол:
БОНУВОН:
1. Душанбе
2. ВМКБ
3. Суғд

МАРДОН:
1. Душанбе
2. Хатлон-1
3. ВМКБ