Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Теннис: соли дуюм “Tajikistan Open” баргузор мешавад

07.05.2018

: 1334

Беш аз 210 теннисбози то 18-сола аз 36 кишвари дунё дар мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open”, ки 5 май дар корти тенниси тобистонаи “Роҳи оҳан”-и шаҳри Душанбе шурӯъ шуд, иштирок доранд.

Рақобатҳо миёни писарон ва духтарон сурат мегиранд. Тибқи раддабандии ҷаҳонӣ баъзе иштирокчиён мусобиқаро дар марҳилаи асосӣ оғоз мекунанд, баъзеи дигарашон аз марҳилаи интихобӣ.
Мусобиқаи “Tajikistan Open” 11 май анҷом меёбад, баъд аз он, аз 12 то 18 май мусобиқаи Ҷоми Федератсия – “Fed Cup” – бузургтарин мусобиқаи даставӣ миёни бонувон баргузор мешавад.
Мирҳусайн Яҳёев – котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон ба “Азия плюс” гуфтааст, ҳар ду мусобиқа аз рӯи дараҷаи 5-уми Федератсияи байналмилалии теннис сурат мегирад. Барои иштирок ҳар як теннисбоз соҳиби холҳои рейтингӣ мегарданд.
Ҳар ду мусобиқа маротибаи дуюм аст, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар муқоиса ба соли гузашта имсол сафи иштирокчиён бамаротиб афзуд.
“Дар оянда дараҷаи мусобиқаро мешавад баланд бардошт. Мо ба он хотир дар дараҷаи 5 қарор гирифтем, ки теннисбозони бештар аз Тоҷикистон иштирок карда тавонанд, зеро рейтинги варзишгарони мо феълан дар сатҳи паст аст”, - гуфтааст М. Яҳёев.
Рақобатҳоро доварони дараҷаи байналмилалӣ – Дмитрий Савчук аз Узбекистон ва Руслан Чолпонқулов аз Қазоқистон ҳакамӣ мекунанд.