Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё-2018 ширкат мекунанд

07.05.2018

: 1368

10-13 майи соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати Осиё оид ба гуштин (тарзи озод ва юнонӣ-римӣ) миёни наврасон доир мегардад.

Ҷиҳати иштирок дар чемпионати мазкур тими мунтахаби наврасони кишвар оид ба гуштини юнонӣ-римӣ дар ҳайати Азизов Аслам (вазни 48 кг), Мирзораҷабов Фирӯз (51 кг), Файзов Давлаталӣ (55 кг), Ҷӯраев Алиҷон (60 кг), Очилов Шаҳрзод (65 кг) ва Зуҳуров Ҳабибҷон (71 кг) таҳти роҳбарии сармураббӣ Олим Аланазаров имрӯз ба Тошканд сафар кард.
Дар намуди гуштини тарзи озод, ки 12 май шурӯъ мешавад, ҷумҳурии моро 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд: Саидов Шаҳбоз (вазни 48 кг), Иноятов Расулҷон (51 кг), Қодиров Ҷамшед (55 кг), Аҳмадов Мустафо (60 кг), Кулулов Хайрулло (65 кг), Ашрафхонов Саидасан (71 кг), Шукуров Абубакр (80 кг), Раҷабов Исмоил (92 кг), Маҳмадбеков Раҳмонҷон (110 кг). Онҳоро дар ин мусобиқа сармураббӣ Олимов Абдурозиқ ҳамроҳӣ мекунад.