Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: “Хуҷанд” ва “Истиқлол” дар садри ҷадваланд

07.05.2018

: 1195

Рӯзҳои истироҳати гузашта ду бозии мавқуфмондаи чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар бозии мавқуфмондаи даври дуюм тими “Истиқлол”-и Душанбе бар дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳои тими Душанберо Фатҳулло Фатҳуллоев ва Шериддин Бобоев заданд.
Бозии даври шашум миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Куктош” бо пирӯзии дастаи соҳили Сирдарё анҷом ёфт – 3:1. 3 голи тими ғолибро Бахтиёр Чориев, Ҷаҳонгир Эргашев ва Хуршед Бекназаров ба ҳадаф расониданд.
Баъд аз ғалабаи навбатӣ дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо 16-холӣ дар садри ҷадвали чемпионат қарор доранд. Вале “Истиқлол” як бозӣ камтар анҷом додааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

ҶОЙ 

ДАСТАҲО

  Б    

  Ғ    

  М    

  Б    

  Т/Т    

  Х    

1

“Хуҷанд” (Хуҷанд)

7

5

1

1

15-7

16

2

“Истиқлол” (Душанбе)

6

5

1

0

10-3

16

3

“Хатлон” (Бохтар)

7

3

1

3

9-9

10

4

КМВА “Помир” (Душанбе)

6

2

3

1

7-8

9

5

“Куктош” (Рӯдакӣ)

7

2

3

2

8-10

9

6

“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)

7

2

2

3

10-9

8

7

“Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ)

7

1

2

4

5-11

5

8

“Барқчӣ” (Ҳисор)

7

0

1

6

3-10

1


Бозии даври ҳафтум миёни дастаҳои «Истиқлол» – КМВА «Помир» 9-уми майбаргузор мешавад.
Даври ҳаштум рӯзҳои 12-13 май доир мегардад. 12 май «Куктош» бо «Барқчӣ», «Панҷшер» бо «Хуҷанд», 13 май «Хатлон» бо «Регар-ТадАЗ» вомехӯранд. Оғози бозиҳо – соати 17:00.