Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Иштироки Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Ашқобод

Иштироки Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Ашқобод Иштироки Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Ашқобод

18.09.2017

: 1414

Имрӯз - 18 сентябр - дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ иштирок намуданд.

Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ мувофиқи маълумоти пешакӣ наздик ба 6000 нафар варзишгар аз 62 давлати Осиё ва Уқёнус иштирок менамоянд.
Ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш, аз ҷумла, баскетбол, гӯштини камарбандӣ, билярд, боулинг, шоҳмот, теннис, самбо, шиноварӣ, аспсаворӣ ва дигар намудҳои варзиш шомил мебошанд.
Тоҷикистонро дар Бозиҳои 5-уми Осиё 173 нафар, аз ҷумла 126 варзишгар дар 15 намуди варзиш намояндагӣ ҳоҳанд кард.