Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мавзуна Чориева бо ордени Шараф сарфароз гардид

06.09.2012

: 1552

Имрӯз - 6 сентябр - бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати кишвар ба истиқболи солгарди 21-уми ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 330 нафар кормандони касбу кори гуногун бо мукофотҳо ва ҷоизаҳои олии давлатӣ, унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои баланди низомию махсус сарфароз гардиданд.

Дар оғози маросими бошукӯҳи супурдани мукофотҳо ва ҷоизаҳои олии давлатӣ, унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои баланди низомию махсус Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кулли нафарони ба ин сарфарозӣ мушаррафгардидаро табрику таҳният гуфта, онҳо ва тамоми мардуми кишварро ба таҳкими муҳаббату самимият ва ифтихору сарфарозӣ аз истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи дастовардҳои баланди давлату миллати тоҷик дар 21 соли рушди давлатдории мустақил, арзишҳою муқаддасоти таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи тоҷикон ва ба ҳифзи оромию осоиш, ободию зебоӣ ва пешрафту тараққиёти сарзамини бобоӣ - Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд.
Зимни маросими пурифтихори мукофотсупорӣ 330 нафар аз кормандони бахшҳои маорифу тандурустӣ, илму техника, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва ҳунар, радио, телевизион ва иттилооту коммуникатсия, энергетика ва саноат, нақлиёту роҳсозӣ, ҷавонони варзишгар ва намояндагони қариб тамоми касбу кор аз сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ бо мукофотҳо ва ҷоизаҳои олии давлатию, унвонҳои фахрӣ, аз ҷумла ордени Шараф дараҷаи 2, медалҳои Хизмати шоиста, Шафқат ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ҷавондухтари варзишгар, муштзани бомаҳорат Мавзуна Чориева, ки дар бозиҳои 30-юми олимпии Лондон ба гирифтани ҷойи сеюм ва медали биринҷии олимпӣ мушарраф гардида, Парчами давлатии Тоҷикистони азизро дар он ҷо парафшон намуд, бо ордени Шараф ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи Президент сарфароз гардонда шуд.