Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мулоқоти Сарвазир бо президенти Шӯрои олимпии Осиё

01.05.2018

: 2096

1 майи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳро, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ ва оммавияти варзиш баррасӣ шуд.
Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистон сол то сол рушд мекунад. Аз ҷумла, соли 2017 фақат дар шаҳри Душанбе 75 майдончаи варзишӣ сохта шуда, соли равон сохтмони беш аз 90 майдончаи дигар ба нақша гирифта шудааст, ки майдончаи варзишии маҳаллаи Шафақ бо маблағгузории Шӯрои олимпии Осиё яке аз онҳост. Ҳоло дар шаҳри Душанбе бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сохтмони як маҷмааи универсалӣ барои бозиҳои рӯи ях, шиноварӣ ва теннис ҷараён дорад.
Қайд гардид, ки дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ феълан 14 варзишгари тоҷик ҷиҳати омодагӣ барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ ҳар моҳ аз 200 то 900 доллари амрикоӣ дарёфт мекунанд ва ҳар сол мураббиёну маъмурони соҳаи варзиш омӯзиш дида, маҳораташонро такмил медиҳанд.
Ҷонибҳо барои баргузории Форуми минтақавии Шӯрои олимпии Осиё соли оянда дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.