Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳамкориҳои Кумитаи олимпии Тоҷикистон бо Шӯрои олимпии Осиё тақвият меёбад

Ҳамкориҳои Кумитаи олимпии Тоҷикистон бо Шӯрои олимпии Осиё тақвият меёбад Ҳамкориҳои Кумитаи олимпии Тоҷикистон бо Шӯрои олимпии Осиё тақвият меёбад Ҳамкориҳои Кумитаи олимпии Тоҷикистон бо Шӯрои олимпии Осиё тақвият меёбад

30.04.2018

: 1321

30 апрел Президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, Президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ бо сафари расмӣ озими Душанбе шуд.

Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ва ҳайати ҳамроҳонашро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам пешвоз гирифт.
Бегоҳи рӯз меҳмонон дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки чанде пеш баъд аз навсозӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ” ва шароити кории кормандони Кумита ва федератсияҳои варзишӣ шинос шуда, бо масъулини соҳаи варзиш мулоқот карданд. Зимни мулоқот аз ҳамкории ҳасанаи ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, аз ҷумла зикр гардид, ки бо маблағгузории Шӯрои олимпии Осиё дар шаҳри Душанбе сохтмони як майдончаи варзишӣ ҷараён дорад ва рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад.
Дар суҳбат масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ ва оммавияти варзиш баррасӣ шуданд.