Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон: Натиҷаи мусобиқаи самбо

23.04.2018

: 1308

Дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 21-22 апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба самбо доир шуд.

Дар ин мусобиқа варзишгарони ҷумҳурӣ дар ҳайати дастаҳои ВМКБ, Душанбе, Суғд, Хатлон-1, Хатлон-2, ШНТМ ва Рашт дар 9 вазн рақобат карда, ғолибон ба таври зайл муайян шуданд:

Вазни 52 кг:
1. Саногов Сомон, Хатлон-1
2. Зоиров Ромеш, Хатлон-2
3. Шарипов Абдуманон, Душанбе
3. Аброров Саидалӣ, Суғд

Вазни 57 кг:
1. Каримов Акмалиддин, Душанбе
2. Идиев Сомон, Хатлон-2
3. Маҷитов Абдулҳамид, Хатлон-1
3. Маманазаров Ҳаким, ВМКБ

Вазни 62 кг:
1. Хусравов Хушқадам, ВМКБ
2. Латипов Сорбон, Хатлон-2
3. Муҳиддинов Умедҷон, Хатлон-1
3. Алиев Зафарҷон, Душанбе

Вазни 68 кг:
1. Ҳасанов Мустафо, Душанбе
2. Мирзоев Фирдавс, Хатлон-2
3. Обидзода Ҳувайдо, Суғд
3. Сулаймонов Сорбон, ВМКБ

Вазни 74 кг:
1. Деваштич Убайдӣ, Душанбе
2. Парпишоев Табрез, Суғд
3. Мунавваров Мубориз, ВМКБ
3. Шоев Сайриддин, ШНТМ

Вазни 82 кг:
1. Олимшоев Зафар, Душанбе
2. Каримов Суруш, Суғд
3. Маҳмадов Аминҷон, Хатлон-2
3. Самадзода Парвиз, Хатлон-1

Вазни 90 кг:
1. Муҳаммадҷон, Душанбе
2. Сайфиддинзода Хурамшо, Суғд
3. Зайналобиддини Аъзам, Хатлон-2
3. Низомов Ҷамшед, Хатлон-1

Вазни 100 кг:
1. Қурбонзода Муҳаммад, ШНТМ
2. Зиёбеков Рашид, ВМКБ
3. Абдуллоев Файзиддин, Хатлон-1
3. Саидов Саидмаҳмуд, Хатлон-2

Вазни +100 кг:
1. Зарифбеков Руслан, ВМКБ
2. Саидолимов Зафар, Суғд
3. Мухторов Мақсуд, Душанбе
3. Одинаев Иброҳим, Хатлон-1

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 аз рӯи 11 намуд доир мешавад. То имрӯз мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои гӯштини миллӣ, гӯштини юнонӣ-римӣ, самбо, гуштини озод ва бокс ҷамъбаст гардид. Мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои дзюдо (5-6 май дар Суғд), таеквондо WT (5-6 май дар Турсунзода), баскетбол (13-17 апрел миёни мардон дар Истаравшан, 21-25 апрел миёни бонувон дар Душанбе), волейбол (21-25 апрел миёни мардон дар Қурғонтеппа, 28 апрел-2 май миёни бонувон дар Суғд), варзиши сабук (28-29 апрел дар Душанбе) ва вазнабардорӣ (5-6 май дар Кӯлоб) идома меёбанд.
Пас аз натиҷагирии мусобиқаҳо аз рӯи 3 намуди варзиш дастаи Душанбе бо 16 медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Дастаи ВМКБ бо 4 медали тилло, 4 нуқра, 6 биринҷӣ ҷои дуюмро ишғол мекунад, Хатлон-2 бо 2 медали тилло, 7 нуқра, 11 биринҷӣ ҷои сеюм, ШНТМ бо 2 медали тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ ҷои чорум, Суғд бо 1 медали тилло, 7 нуқра, 10 биринҷӣ ҷои панҷум, Хатлон-1 бо 1 медали тилло, 1 нуқра, 12 биринҷӣ ҷои шашум ва Рашт бо 2 медали нуқра ва 2 биринҷӣ ҷои ҳафтумро ишғол мекунанд.