Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: Натиҷаҳои даври чорум

Лигаи олӣ: Натиҷаҳои даври чорум Лигаи олӣ: Натиҷаҳои даври чорум Лигаи олӣ: Натиҷаҳои даври чорум

09.04.2018

: 1336

Даври чоруми Чемпионати ҷутболи кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ бо бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Куктош” 4-уми апрел шуруъ шуд, ки бо пирӯзии душанбегиҳо – 2:0 хотима ёфт.

Дар дақиқаи 18 бозингари “Куктош” Фахриддин Сафарзода тӯбро вориди дарвозаи дастааш кард. Голи дуюмро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи 26 зад.
Бозии марказии давр дар варзишгоҳи “Спартак” миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ” сурат гирифт. Бозӣ бо ғалабаи тими Хуҷанд (2:1) ба анҷом расид. Ба голи задаи бозингари “Хуҷанд” Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 18-ум бозингари тими “Регар” Саидамири Саидаҳмад дар дақиқаи 32 бо гол ҷавоб дод. Голи ғалабоварро Дилшод Бозоров дар дақиқаи 65-ум зад.  
Дар бозии дигар дастаи КМВА “Помир” бар дастаи “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ду голи тими артишро легионери эронӣ Муҳаммад Алипур ба номи худ қайд кард. Ин аввалин ғалабаи КМВА “Помир” дар чемпионати имсола мебошад.
“Панҷшер” низ бо шарофати ду голи Алишери Ҳотам шаҳди ғалабаро дар чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ чашид. Тими ноҳияи Балхӣ дар майдони худ ба дарвозаи “Барқчӣ”-и Ҳисор 2 голи беҷавоб зад.  
Бо натиҷагирӣ аз 4 давр дар ҷадвали чемпионат мисли гузашта “Хуҷанд” дар ҷои аввал аст. “Истиқлол”, ки як бозӣ кам анҷом додааст, бо фарқи як тӯб дар мақоми дуюм ҷой гирифтааст. Сегонаи аввалро КМВА “Помир” бо 6 хол ҷамъбаст мекунад.
Бозиҳои даври панҷум 13, 14 ва 17 апрел ба нақша гирифта шудааст. “Истиқлол” дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор “Хуҷанд”-ро қабул мекунад. “Хатлон” бо “Куктош” (13 апрел), “Регар-ТадАЗ” бо “Панҷшер” (14 апрел) ва “Барқчӣ” бо КМВА “Помир” (17 апрел) вориди майдон мешаванд.