Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Гран При Анталия: Комроншоҳ медали тилло ба даст овард

Гран При Анталия: Комроншоҳ медали тилло ба даст овард Гран При Анталия: Комроншоҳ медали тилло ба даст овард Гран При Анталия: Комроншоҳ медали тилло ба даст овард

09.04.2018

: 1433

Варзишгари маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар Гранд При Анталия-2018 оид ба дзюдо сазовори медали тилло шуд.

Мусобиқаи дзюдо аз силислаи Гран При 6-8 апрел дар Анталия Туркия доир гардид. Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кг бар ҳарифонаш – Самулӣ Виитанен аз Финляндия, Колтон Броун аз ИМА дар даври муқаддамотӣ ва Муҳаммадалӣ Меҳдиев аз Озарбойҷон ғолиб омада, ба финал роҳ ёфт. Дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон Неманҷа Маҷдови сербиро шикаст дод.
Аз ҷумҳурии мо дар мусобиқаи мазкур 6 варзишгар иштирок карданд: Наврӯз Каримзод (вазни -66 кг), Хоҷазода Беҳрӯз (-73 кг), Акмал Муродов, Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100). Ба ғайр аз Комроншоҳ дигар варзишгаронамон дар давраҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Дар мусобиқа, 319 варзишгар (209 мард, 110 зан) аз 50 давлат ширкат карданд. Дар ҳисоби даставӣ Косово бо 3 медали тилло ва 1 нуқра ҷои аввалро сазовор шуд. Руссия бо 2 медали тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, Туркия бо 2 медали тилло, 2 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол намуданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар мақоми ҳаштум ҷой гирифт.