Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Таеквондо: варзишгарони ҷавон барои роҳхати олимпӣ талош мекунанд

06.04.2018

: 1524

Имрӯз – 6 апрел дар шаҳри Ҳаммамети Тунис мусобиқаи ҷаҳонии интихобӣ оид ба таеквондо ба Олимпиадаи наврасон – Буэнос Айрес-2018 оғоз гардид, ки фардо идома меёбад.

Аз ҷумҳурии мо барои ширкат дар мусобиқаи мазкур 4 варзишгар иштирок доранд: Ширинмоҳ Миршакарзода (вазни -49 кг) миёни бонувон, Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-73 кг), Амал Ибрагимов (-55 кг) ва Рамазон Мирзоев (-63 кг) миёни писарон.
Дар рӯзи аввал Ширинмоҳ ва Муҳаммадҳасан вориди рақобат мешаванд. Ширинмоҳ дар даври аввал бо варзишгари Кипр Антриана Ҳадҷикостӣ ва Муҳаммадҳасан бо варзишгари Ямайка Брандон Селӣ қувва меозмоянд. Дар рӯзи дуюм Амал бо варзишгари Украина Дмитро Дзандзава ва Рамазон бо варзишгари Арманистон Роман Ҳайрапетов вориди рақобат мешаванд.
Тибқи низомномаи мусобиқа дар ҳар вазн варзишгароне, ки то ҷои ҳафтумро ишғол менамоянд, роҳхати Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айресро дарёфт мекунанд.
Дар мусобиқа 438 варзишгари соли таваллудашон 2001 ва 2002 аз 111 кишвар ширкат доранд.
Дар идомаи мусобиқа – 8-13 апрел дар Ҳаммамет чемпионати ҷаҳон оид ба таеквондо миёни ҷавонон баргузор мешавад, ки беҳтаринҳои ҷаҳонро дар соли 2018 муайян менамояд. Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи ҷаҳонии таеквондо дар чемпионат 962 варзишгар аз 120 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд.