Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Рӯзшумории аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” шурӯъ шуд

Рӯзшумории аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” шурӯъ шуд Рӯзшумории аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” шурӯъ шуд Рӯзшумории аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” шурӯъ шуд

29.03.2018

: 1502

8-17 феврали соли 2019 дар шаҳри Сахалини Ҷанубии Федератсияи Руссия аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” доир мегардад.

Дар робита ба ин, 20-24 марти соли равон дар шаҳри Сахалини Ҷанубии Федератсияи Руссия ҳамоиши роҳбарон ва намояндагони кишварҳои аъзои Шӯрои олимпии Осиё ва Аврупо доир гашт, ки дар он Тоҷикистонро котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Муҳаммадшо ва ноиби раиси Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Исматулло Зиёев намояндагӣ карданд.
Ба иттилои Абдуллозода Муҳаммадшо, иштирокчиёни ҳамоиш бо иншооти варзишӣ, ки мусобиқаҳо баргузор мешаванд ва деҳаи олимпӣ шинос гардиданд. Дар доираи ҳамоиш дар масъалаи барномаи бозиҳо ва масъалаҳои ташкилӣ семинар ва машварти корӣ доир гашт.
Бозиҳо аз рӯи ҳашт намуди варзиш – биатлон, лижаронии кӯҳӣ, сабқати лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин бо лижа, сноуборд, рақси рӯи ях, хоккей, шорт-трек баргузор мешавад.