Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шоҳҷоизаи Ҷоми "Пойтахт-2018" насиби Саидҷалол шуд

Шоҳҷоизаи Ҷоми "Пойтахт-2018" насиби Саидҷалол шуд Шоҳҷоизаи Ҷоми "Пойтахт-2018" насиби Саидҷалол шуд Шоҳҷоизаи Ҷоми "Пойтахт-2018" насиби Саидҷалол шуд Шоҳҷоизаи Ҷоми "Пойтахт-2018" насиби Саидҷалол шуд Шоҳҷоизаи Ҷоми "Пойтахт-2018" насиби Саидҷалол шуд

27.03.2018

: 1843

26 марти соли равон дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Мусобиқаи кушод оид ба гуштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2018” баргузор гардид.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои нави гуштини миллӣ, ки аз ҷониби Федератсияи гуштингирии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, сурат гирифт. Паҳлавонон дар шаш вазн - -60кг, -70 кг, -80 кг, -90 кг, -100 кг ва +100 кг қувва санҷиданд.
Ғолибон ба таври зайл муайян шуданд:

Вазни -60 кг
1. Сорбон Латифов
2. Хушқадам Хусравов
3. Ҷомии Ҳасан

Вазни -70 кг
1. Ориф Додов
2. Наврӯз Каримзод
3. Муҳаммад Мирзоев

Вазни -80 кг
1. Акмал Муродов
2. Мирзоҷамил Рамазонов
3. Раҳматулло Фарҳодов

Вазни -90 кг
1. Ҳоҷимашраб Раҳмонов
2. Зафар Олимшоев
3. Хуршед Шарифов

Вазни -100 кг
1. Саидҷалол Саидов
2. Ҷумъахон Назриев
3. Довуд Соҳибназаров

Вазни +100 кг
1. Абубакр Раҳмонов
2. Додохон Қурбоналиев
3. Одилҷон Сафаров

Ғолибон бо медал ва мукофоти пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (барои ҷои аввал 3000 сомонӣ, ҷои дуюм – 1500 сомонӣ ва ҷои сеюм – 1000 сомонӣ) сарфароз гаштанд.
Баъд аз қувваозмоиҳо аз рӯи вазн, миёни паҳлавонони вазнашон аз 90 кг боло мубориза барои ба даст овардани шоҳҷоиза – автомошинаи сабукрави тамғаи “Мерседес” доир гашт, ки дар ин рақобатҳо паҳлавони шинохта Саидҷалол Саидов пирӯз шуд.