Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дзюдочиёни тоҷик дар Гранд Слам Екатеренбург ширкат мекунанд

Дзюдочиёни тоҷик дар Гранд Слам Екатеренбург ширкат мекунанд Дзюдочиёни тоҷик дар Гранд Слам Екатеренбург ширкат мекунанд

16.03.2018

: 3159

Дзюдочиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи Гранд Слам, ки 17-18 март дар шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Руссия баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Дар мусобиқаи мазкур 10 варзишгари мо миёни мардон ва 2 нафар миёни бонувон дар 7 вазн муҳориба мекунанд: Суҳроб Боқиев, Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Мулораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммад Мирзоев (-73 кг), Мирзошариф Исматов, Хушвахт Идиев (-81 кг), Ёқубҷон Назиров, Талабуддин Файзов (-90 кг), Оишабону Қурбоналиева (-52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57).
Тавре сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар додааст, дар Гранд Слам Екатеренбург 262 варзишгар аз 34 кишвари дунё иштирок мекунанд.