Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дави наврӯзӣ ва велосипедронӣ бахшида ба иди Наврӯз

15.03.2018

: 1192

Бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди Наврӯзи ҷаҳонӣ 17 марти соли 2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ин мусобиқот аз гардиши Товус то Наврӯзгоҳ (масофаи 3,5 км) аз соати 7:00 то 11:00 сурат мегиранд. Тавре Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар додааст, мусобиқоти мазкур дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2018 ва силсила чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ баҳри оммавияти варзиш ва солимгардонии ҷомеа рӯи даст гирифта шудааст.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш давоми моҳи март ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи хуҷастапай як силсила барномаҳои оммавӣ–варзишӣ, солимгардонӣ ва мусобиқаҳои варзишии дигарро низ ба нақша гирифтааст.