Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Паралимпиада-2018: Сиёвуш мусобиқаашро анҷом дод

15.03.2018

: 1471

Сиёвуш Илёсов, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ дар Пйонгчанги Корея намояндагӣ мекунад, мусобиқаашро анҷом дод.

Дирӯз – 14 март – дар сабқати лижаронӣ миёни нобиноён дар масофаи 1,5 километр Сиёвуш Илёсов бо натиҷаи 9:31:34 ба марра расида, миёни 32 варзишгар аз 27 давлат ҷои 20-умро ишғол кард. Дар ин қувваозмоӣ намояндаи Канада Бриан Мкеевер бо натиҷаи 4:03:2 сазовори ҷои аввал шуд. Ҷои дуюмро варзишгари Шведсия Зебастиан Модин бо натиҷаи 4:05:7 ва ҷои сеюмро варзишгари Норвегия Эрик Бийе бо натиҷаи 4:32:7 ишғол намуданд.
Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ, ки 9 март дар шаҳри Пйончанги Ҷумҳурии Корея оғоз гардида буд, 18 март ба анҷом мерасад. Дар бозиҳо 570 варзишгар аз 49 кишвар иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон маротибаи аввал дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ ширкат кард. Сиёвуш Илёсов барои ба даст овардани роҳхат дар Ҷумҳурии Омон ба машғулиятҳои тамринӣ фаро гирифта шуда, аз 17 то 20 феврал дар ҳамон ҷо дар мусобиқаи интихобӣ иштирок кард. Ӯ, инчунин аз 20 феврал то 4 март дар Ҷоми ҷаҳон оид ба лижаронӣ ширкат намуда, бо 392 хол соҳиби роҳхат ба Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ гардид.
Сиёвушро дар ин сафар мураббияш Илҳомиддин Абдуллоев, президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Сафар Боев, роҳбари даста Абдурауф Алимов ва ноиби президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Зиннатулло Саидов ҳамроҳӣ доранд.

Сиёвуш Илёсов 27 майи соли 1989 таваллуд шудааст. Солҳои 1996-2000 дар мактаби №8-и шаҳри Ҳисор таҳсил карда, бо сабаби суст шудани басират таҳсилро дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино идома додааст.
Хатмкардаи факултаи забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, феълан дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ фаъолият дорад.
Узви Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон мебошад.
Аз моҳи декабри соли 2016 ҳамчун лижарон дар намуди кросс-кантри ба гурӯҳи варзишгарони Кумитаи паралимпии Тоҷикистон шомил шуд.