Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Истиқлол” дар Туркманистон 1 хол гирифт

15.03.2018

: 1150

Бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Олтин Асир” (Туркманистон) дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт.

Ҳисобро дар дақиқаи 50-ум ҳамлагари белорусии “Истиқлол” Николай Зенко кушод. Баъд аз 10 дақиқа Аҳтам Назаров аз пеналтӣ голи дуюми “Истиқлол”-ро зад. Дастаи Туркманистон ҳар ду голро дар дақиқаҳои охир вориди дарвозаи тими меҳмон кард. Дар дақиқаҳои 90 ва 90+3 футболбозони тими мизбон Мурат Якшиев ва Алтимурод Аннадурдиев тӯбро вориди дарвозаи “Истиқлол” карданд.  
Дар бозии дигари гурӯҳи “D” дастаи дигари Туркманистон – “Аҳал” дар майдони худ ба дарвозаи дастаи “Олой”-и Қирғизистон 5 голи беҷавоб зад.
Ҳамин тариқ, баъд аз ду давр дастаҳои “Олтин Асир” ва “Истиқлол” бо 4-холӣ дар ҷойҳои якуму дуюми ҷадвал қарор доранд. “Аҳал” бо 3 хол ҷои сеюм ва “Олой”, ки хол надорад, ҷои чорумро ишғол мекунанд.
Бозиҳои навбатӣ 11 апрел баргузор мешаванд. “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор “Олой”-ро қабул мекунад, дар Ашқобод ду дастаи туркманӣ – “Аҳал” ва “Олтин Асир” вомехӯранд.