Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бохти “Хуҷанд” дар бозии аввал аз “Аҳал”

14.02.2018

: 1405

Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии аввали даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 (КФО) аз тими “Аҳал”и Туркманистон шикаст хурд.

Дидори дастаҳо 13 феврал дар Балканободи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро дар дақиқаи 18 футболбози тими мизбон Мурод Аннаев аз пеналтӣ зад.
Тақдири дастаҳо барои даври гуруӯҳии Ҷоми КФО-2018 роҳхат гирифтан дар бозии ҷавобӣ, ки 20 январ дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” доир мегардад, ҳал мешавад.