Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Намудҳои олимпии варзиш

Намудҳои тобистонаи варзиш

  1.  АСПСАВОРӢ
    • Роҳравӣ
    • Мувофиқи терминологияи байналмилалӣ – дрессура (фар. dressage), намуди олимпии варзиш. Роҳравӣ машҳуртарин намуди варзиши аспсаворӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин намуди варзиш савора бояд амалҳои зеринро нишон диҳад: тавоноии асп ба иҷрои ҳаракатҳои дурусту самаранок дар ҳар гуна роҳ ва суръати гуногун - коҳиш додан, афзудан, гузаштани бонизом аз як роҳрав ба роҳрави дигар, исти дуруст, ҳаракат ба қафо, иҷрои ҳаракатҳои махсус (пируэт, тағйири пойҳо дар 4-1 қадам, гузариш, пиаффе). Ҳангоми иҷрои ин ҳаракатҳо асп бояд мувофиқ бо ҳар ҳолат бадани худро нигоҳ дорад. Роҳравии муосир дар майдони стандартӣ бо андозаи 60х20 метр баргузор мешавад.
    • Сабқат
    • (фар. concours hippique — сабқати аспсаворон) — мусобиқа бо монеаҳо, тартиб ва мушкилоти махсус. Конкур сербинандатарин намуди варзиши аспсаворӣ мебошад. Барои иштироки бомуваффақона дар он савора бо асп бояд машқдида бошанд. Савора бояд шуҷоат нишон диҳад, ҳадафгирии нозук дошта бошад, аспро бо санъати баланд идора кунад, ҳангоми гузаштан аз монеаҳо боқувватӣ нишон диҳад, ҳаракатҳои муназзам иҷро кунад, баробарвазниро ҳангоми ҷаҳиш аз монеаҳо ва фаромадан ба замин гум накунад.
    • Сеҳарба
    • Намуди варзиши аспсаворӣ, ки аз роҳравӣ дар майдон, санҷиш дар саҳро ё кросс (рӯзи дуюм), гузаштан аз монеаҳо ё сабқат (рӯзи сеюм) иборат аст. Ҳар се санҷиш бояд бо як асп сурат гирад. Ба ин восита тайёрии асп дар ҳамаи ҳолатҳо санҷида мешавад. Рӯзи аввал роҳравӣ ва итоаткории асп нишон дода мешавад. Дар рӯзи дуюм кросс – санҷиши асосӣ, дар ин ҳолат то кадом дараҷа машқ дидани асп, тобоварии ҷонвар, ҳамчунин, қобилияти ҷаҳиш муайян мегардад. Рӯзи сеюм барои санҷиши қобилияти кор ва нерӯи асп баъд аз имтиҳони мушкили саҳроӣ нигаронида шудааст.

      Қаблан ин намуд фақат барои ҳарбиён пешбинӣ шуда буд. Имкон медод санҷида шавад, ки асп то кадом дараҷа ба ҷанг омода аст. Акнун аспсавории сеҳарба ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст.
  2.  БАДМИНТОН (англ. badminton) 
    • Намуди варзиш, ки бозингарон аз ду ҷониби майдони бо тур ҷудошуда воланро тавассути ракетка ҷониби майдони ҳамдигар мезананд, кӯшиш мекунанд, ки волан дар ҳудуди майдони худашон наафтад. Рақобат миёни ду ҳариф ё ҷуфти ҳарифон (ҷуфт метавонад аз як ҷинс набошад) сурат мегирад. Бадминтон аз соли 1992 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид аст. 
  3.  БАСКЕТБОЛ (англ. basket «сабад» + ball «тӯб») 
    • 5х5. Бозии варзишии даставӣ бо тӯб, ки тӯб бо даст ба сабади турии дастаи ҳариф партофта мешавад. Дар баскетбол ду даста, ҳар даста иборат аз 5 бозингари як ҷинс (12 нафар дар як даста бе маҳдудияти ивази бозингарон) бо ҳам бозӣ мекунанд. Мақсади ҳар даста аз он иборат аст, ки тӯбро бештар ба сабади турии ҳариф ворид намуда, сабади дастаи худро аз ворид шудани тӯб эмин нигоҳ доранд. Сабади тӯрӣ дар баландии 3,05 метр аз фарш ҷойгир аст. Масоҳати стандартии майдони баскетбол 28 метр дарозӣ, 15 метр паҳноиро ташкил медиҳад. Баскетбол аз соли 1936 вориди барномаи Бозиҳои олимпӣ гардид (муаллифи бозӣ Ҷеймс Нейсмит ба ҳайси меҳмон он ҷо ҳузур дошт).
    • 3х3 (Стритбол). Солҳои 50-уми асри 20 дар ШМА миёни аҳолии камбағал пайдо шуд. Аз баскетболи маъмулӣ бо шумораи бозингарон (3-нафар) ва майдони бозӣ – ними майдони баскетболи маъмулӣ фарқ мекунад. Дар басткетболи 3х3 як сабади турӣ аст.
      Соли 2017 ин намуди варзиш ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 ворид карда шуд. Дар сабқатҳо 8 дастаи мардона ва 8 дастаи занона (ҳар даста иборат аз 4 нафар) барои ду маҷмуи медалҳо талош мекунанд.
  4.  БОКС 
    • Бокси ҳаваскорӣ. Дар ин намуди варзиш аз соли 2013 сохтори 3 раунди 3-дақиқаӣ (сарпӯшро варзишгарони ҷинси мард дар синну соли калон намепӯшанд) ҷорӣ гардид. Бокси ҳаваскориро дар Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё ва бисёр дигар мусобиқаҳо дидан мумкин аст. Дар Бозиҳои олимпӣ рақобатҳо дар 3 раунди 3-дақиқаӣ сурат мегирад. Танаффус байни раундҳо – 1 дақиқа.
      Зарба ҳамон вақт ҳисоб карда мешавад, ки агар дар қисматҳои мумкини ҳариф расад. Доварон назорат мекунанд, ки муштзанҳо аз қоидаҳои роиҷ кор бигиранд. Зарба то камарбанд зада мешавад. Агар муштзан қасдан аз камарбанд поён зарба занад, аз мусобиқа берун карда мешавад.
  5.  ВАЗНБАРДОРӢ 
    • Намуди олимпии варзиш, ки асосан аз бардоштани штанга ба болои сар иборат аст. Вазнбардории муосир бо иҷрои ду машқ иҷро карда мешавад: бардоштан, тела додан. Вазнбардорон дар ҳар қувваозмоӣ 3 маротиба кӯшиш мекунанд. Ҷамъи ду кӯшиши беҳтарашон натиҷаи мусобиқа ҳисоб меёбад. Дараҷаҳои вазнӣ миёни мардон ва занон гуногун аст. Вазнбардорӣ аз соли 1896 (ба ғайр аз солҳои 1900, 1908, 1912) ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид шудааст.
  6.  ВАРЗИШИ САБУК 
    • Намуди олимпии варзиш, ки аз дав, роҳгардӣ, ҷаҳиш ва партофт иборат аст. Қувваозмоиҳои зеринро муттаҳид мекунад: намудҳои дав, роҳгардии варзишӣ, намудҳои техникӣ (ҷаҳиш ва партофт), бисёрҳарба, дав дар шоҳроҳ ва кросс. Яке аз намудҳои оммавии варзиш.
      Машғулиятҳои варзиши сабук бо мақсади омодагии ҷисмонӣ, ҳамчунин барои доир кардани мусобиқаҳо аз даврони қадим сурат мегиранд. Таърихи варзиши сабук аз баргузории мусобиқаҳо дар бозиҳои олимпии қадим дар Юнон (776 то мелод) сарчашма мегирад.
  7.  ВЕЛОСИПЕДРОНӢ 
    • Велосипедронии варзишӣ ҳаракат дар замин ба воситаи нақлиёт (дучарха) ва истифодаи зӯру бозуи варзишгари савора мебошад. Велосипедронии варзишӣ аз қувваозмоиҳои зерин иборат аст: пайгирӣ, сабқат дар шоҳроҳ, роҳҳои нишебу фароз, роҳи кӯҳӣ ва ғ. Велосипедронии варзишӣ, ҳамчунин як ҷузъи намуди варзиши сеҳарба мебошад. Мақсади асосии қувваозмоиҳои сабқат масофаи муайяншударо нисбат ба ҳарифон аз ҳама пеш тай кардан аст.
      Намудҳои олимпии велосипедронӣ:
    • BMX
    • Пайгирӣ
    • Роҳи кӯҳӣ
    • Шоҳроҳ
  8. ВОЛЕЙБОЛ
    • Волейбол 
    • Мусобиқа оид ба волейбол дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ бори аввал соли 1964 дар Олимпиадаи Токио баргузор шуд ва то имрӯз ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид аст.
      Волейбол ҳамчун намуди олимпӣ дар иҷлосияи 53-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ соли 1957 дар София эътироф шуд. Дар нахустин мусобиқаи олимпӣ оид ба волейбол 6 дастаи занона ва 10 дастаи мардона ширкат карданд, ки баъдан сафи онҳо зиёд шудан гирифт.
    • Волейболи соҳилӣ 
    • Волейболи соҳилӣ соли 1992 дар Олимпиадаи Барселона намоиш дода шуд ва 24 сентябри соли 1993 дар Иҷлосияи 101-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба барномаи Бозиҳои олимпии Атланта-1996 ва бозиҳои баъдӣ ворид гардид.
  9. ГИМНАСТИКА
    • Ҷаҳиш дар батут 
    • Мусобиқаи олимпии ҷаҳиш дар батут бори аввал соли 2000 дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Сидней доир гашт. Дар ин қувваозмоӣ варзишгарон барои ду маҷмуи медал талош мекунанд. 
    • Гимнастикаи варзишӣ 
    • Яке аз намудҳои қадимтарини варзиш мебошад, ки аз қувваозмоиҳои ҳаракат дар ҷисмҳои гуногуни гимнастикӣ, иҷрои озод ва ҷаҳиши бофишор иборат аст. Дар барномаи Бозиҳои олимпӣ – аз соли 1896.
    • Гимнастикаи бадеӣ 
    • намуди варзиш, иҷрои ҳаракатҳо таҳти оҳанги мусиқӣ ба таври озод ё бо ашё (симпарак, ҳалқа, тӯб, навор (лента), калтаки гимнастикӣ). Қувваозмоиҳо инфиродӣ ва гурӯҳӣ доир карда мешаванд.
  10. ГОЛФ 
    • Мусобиқаи оид ба голф дар Бозиҳои тобистонаи олимпии солҳои 1900 ва 1904 сурат гирифта, сипас бекор карда шуд. Барои ба барномаи Бозиҳои олимпии соли 2012 ворид шуданаш овози даркориро нагирифт. Дар иҷлосияи КБО 9 октябри соли 2009 дар Копенгаген ба барномаи Бозиҳои олимпии соли 2016 ворид карда шуд.
  11. ГУШТИН 
    • Мусобиқаи олимпӣ оид ба гуштин аз соли 1896 дар Афина доир мешавад, ба ғайр аз Бозиҳои олимпии соли 1900 дар Париж. Аввалин мусобиқа оид ба гуштин дар вазни озод оид ба гуштини юнонӣ-римӣ баргузор шуд, дар Олимпиадаи соли 1904 дар Сент Луис ба вазнҳо ҷудо карда шуда, рақобатҳо танҳо оид ба гуштини озод сурат гирифт. Қаблан дар ин намуди варзиш фақат мардҳо иштирок мекарданд. Гуштини занона аз соли 2004 (Бозиҳои олимпии Афина) вориди барномаи бозиҳо шуд.

      КБО мехост сар карда аз Олимпиадаи Токио-2020 гуштинро аз барномаи бозиҳои олимпӣ хориҷ намояд, вале дар иҷлосияи КБО сентябри соли 2013 қарор шуд, ки гуштин бо кам кардани дараҷаи вазнӣ миёни мардон ва зиёд кардани дараҷаи вазнӣ миёни бонувон чун намуди олимпӣ истад.

    • Гуштини озод
    • Юнонӣ-римӣ
  12. ДЗЮДО 
    • Мусобиқа оид ба дзюдо бори аввал дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-1964 доир гашт ва баъдан ба барномаи ҳамаи бозиҳо ворид карда шуд, ба ғайр аз Бозиҳои олимпии Мехико-1968. Аввал рақобатҳо миёни мардон сурат мегирифт, қувваозмоиҳо миёни занон бори аввал дар Олимпиадаи Барселона-1992 доир гашт. 
  13. ЗАВРАҚРОНӢ 
    • Мусобиқоти олимпӣ оид ба заврақронӣ бори аввал дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1900 дар Париж доир гардид ва сипас дар ҳамаи бозиҳо идома ёфт, фақат дар барномаи Бозиҳои олимпии Сент Луис-1904 ворид набуд. Рақобатҳо дар заврақҳои ҳаҷмашон гуногун сурат мегиранд. Аввал мусобиқаҳо бо иштироки ҳамзамони ҳам мардон, ҳам занон доир мегашт, вале дар Бозиҳои олимпии Сеул-1988 дар баъзе қувваозмоиҳо (масалан, “470”) мардону занон ҷудо шуданд. Сар карда аз Бозиҳои олимпии Лондон-2012 дигар ягон қувваозмоӣ намонд, ки бо иштироки ҳамзамони мардону занон баргузор шавад, фақат дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 ба барномаи бозиҳо қувваозмоии “Накра 17” ворид карда шуд, ки дар он бояд дастаи омехта – як зан, як мард – иштирок намоянд.
  14. КАМОНВАРӢ 
    • Мусобиқаҳои камонварӣ бори аввал соли 1900 дар Олимпиадаи Париж баргузор шуд ва то соли 1920 дар Антверпен идома ёфт (ба ғайр Бозиҳои олимпии Стокголм-1912). Баъдан ин намуд соли 1972 дар Олимпиадаи Мюнхен ба барномаи бозиҳо барқарор карда шуд ва то имрӯз намуди олимпист. Рақабтҳо доим миёни мардон ва занон дар алоҳидагӣ доир мегардад (ба ғайр аз бозиҳои солҳои 1900 ва 1920, ки фақат мардон ширкат карда буданд).
  15.  ҚАЙИҚРОНИИ АКАДЕМӢ 
    • Мусобиқа оид ба қайиқронии академӣ дар Бозиҳои олимпӣ бори аввал соли 1900 дар Париж доир гашт ва ин намуд то имрӯз ба барномаи бозиҳо ворид аст. Қаблан ин намуд мардона буд, қувваозмоиҳо миёни бонувон соли 1976 дар Монтреал пайдо шуд.
  16.  ҚАЙИҚРОНӢ ДАР БАЙДАРКА ВА КАНОЭ 
    • Ҳамчун намуди олимпии варзиш аз соли 1936 шинохта шудааст (соли 1924 ҳамчун намуди варзиш намоиш дода шуда буд). Ба ғайр аз қайиқронӣ дар байдарка, каноэ ва спринт қувваозмоиҳои зиёд мавҷуд аст, аммо ба барномаи Бозиҳои олимпӣ фақат намуди слалом дохил шудааст.
    • Қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ
    • Байдарка

      Варзишгар дар қайиқ рӯ ҷониби пеш мешинад ва бо бели дутарафа ҳаракат мекунад. Дар ин намуди қайиқ чанбар истифода мешавад, онро варзишгар бо пой идора мекунад. Дар намуди 2 ва 4-нафара идора намудани чанбар бар дӯши варзишгаре, ки дар пеш мешинад, мебошад. Ин қувваозмоӣ дар мусобиқаҳо бо ҳарфи “К” ифода меёбад (аз англ. “Kayak”).

      Каноэ

      Варзишгар дар қайиқ бо як зону рӯ ҷониби пеш меистад ва онро бо бели яктарафа ҳаракат медиҳад. Зонуи варзишгар дар қаппаки махсус (болиштча) меистад. Ин намуд чанбар надорад. Варзишгар онро бо ҳаракатҳои махсус идора мекунад. Қувваозмоӣ дар мусобиқаҳо бо ҳарфи “С” (аз англ. “Canoe”) ифода меёбад.
    • Слалом 

    • Қувваозмоии қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ бо суръат дар масофаҳои гуногун. Макони баргузории ин намуд дарёча ё ҷӯйи махсуси сунъӣ мебошад, ки равиши об бояд аз 2 метр/сония кам набошад.

  17.   НАМУДҲОИ ВАРЗИШИ ОБӢ
    • Тӯббозӣ дар об 
    • Мусобиқа оид ба тӯббозӣ дар об бори аввал соли 1900 дар Бозиҳои олимпии Париж доир гашт ва ба барномаи ҳамаи бозиҳо ворид гардид, ба ғайр аз олимпиадаи Сент Луис-1904. Рақобатҳо миёни бонувон аз соли 2000 (Сидней) баргузор мешавад.
    • Шиноварӣ 
    • Ҳамчун намуди варзиш қувваозмоиҳои шиноро дар масофаҳои гуногун дар бар мегирад. Шиноварӣ, ҳамчунин як қисмати қувваозмоиҳои панҷҳарба, триатлон ва чанд намуди бисёрҳарба мебошад.
    • Ҷаҳиш ба об 
    • Бори аввал дар Бозиҳои олимпии Сент Луис-1904 пайдо шуд ва баъдан дар барномаи ҳамаи бозиҳо ворид аст. Рақобатҳо миёни бонувон аз соли 1912 доир мегардад. Соли 2000 дар Олимпидаи Сидней бори аввал қувваозмоии ҷаҳиши ҳамзамон ба об сурат гирифт. 
    • Шинои ҳамзамон 
    • Аз соли 1984 (Бозиҳои олимпии Лос Анҷелос) қувваозмоии олимпӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир ягона қувваозмоист, ки фақат миёни бонувон доир мегардад, ҳарчанд дар чемпионати ҷаҳон мардон низ иштирок мекунанд. Дар ин намуд варзишгарон барои 2 маҷмуи медал (даставӣ ва дугона) талош мекунанд.
    • Марафон 
    • Шиноварӣ дар масофаи 10 км бори аввал дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 ҳам миёни мардон ва ҳам миёни бонувон доир гашт.
  18.  ПАНҶҲАРБАИ МУОСИР 
    • Ин намуди варзиш аз соли 1912 (Олимпиадаи Стокголм) ба барномаи бозиҳои олимпӣ ворид аст. Қаблан қувваозмоӣ миёни мардон сурат мегирифт. Қувваозмоӣ миёни бонувон аз соли 2000 дар Сидней пайдо шуд.
  19. РЕГБӢ-7
    • Мусобиқа оид ба регбӣ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ бори аввал дар бозиҳои соли 1900 дар Париж доир гардид ва баъдан дар барномаи бозиҳо дар солҳои 1908, 1920 ва 1924 ворид буд. Дар ду бозӣ ҳамагӣ ду даста ва соли 1924 3 даста иштирок карда, ҳама соҳиби медали олимпӣ шуданд. Баъдан ин намуди варзиш аз барномаи бозиҳои олимпӣ ҳазф карда шуд ва баъд аз 92 сол дар барномаи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 барқарор гардид. Мусобиқаҳо дар формати регбӣ-7 миёни мардон ва бонувон баргузор мешавад.
  20.  ТАЕКВОНДО (WT
    • Бори аввал мусобиқа оид ба таеквондо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Сидней соли 2000 баргузор шуд ва минбаъд дар ҳамаи бозиҳо миёни мардон ва бонувон сурат мегирад.
  21.      ТЕННИС 
    • Теннис аз аввалин бозиҳои олимпӣ соли 1896 дар Афина то олимпиадаи соли 1924 дар Париж яке аз намудҳои барномаи олимпӣ буд. Баъдан то соли 1988 аз барномаи бозиҳо берун шуда, аз Олимпиадаи Сеул сар карда, дар ҳамаи бозиҳо мавқеъ дорад.
  22.      ТЕННИСИ РӮИ МИЗ 
    • Мусобиқа оид ба тенниси рӯи миз бори аввал дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Сеул-1988 доир гашт ва минбаъд дар ҳамаи бозиҳо баргузор мешавад. Аввал мусобиқот дар ҳайати инфиродӣ ва ҷуфтӣ сурат мегирифт. Ҳайати даставӣ дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 ба ҷои ҳайати ҷуфтӣ ба роҳ монда шуд. Соли 2017 эълон карда шуд, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳайати ҷуфти омехта низ ворид карда мешавад.
  23. ТИРАНДОЗӢ 
    • Мусобиқаҳои оид ба ин намуди варзиш дар ҳамаи бозиҳо, ба ғайр аз бозиҳои солҳои 1904 ва 1928, сурат гирифтааст. Қаблан рақобатҳо фақат миёни мардон сурат мегирифт. Аз бозиҳои соли 1968 дар Мехико занон низ дар баробари мардон тирандозӣ мекунанд.
  24. ТРИАТЛОН 
    • бори аввал дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Сидней-2000 рух намуд ва минбаъд дар ҳамаи бозиҳо мавқеъ дорад. Тартиби қувваозмоӣ чунин аст: шиноварӣ – 1500 метр, велосипедронӣ – 40 км ва дав – 10 км.
  25. ФУТБОЛ
    • Варзиши рақами яки ҷаҳон аз Олимпиадаи Париж-1900 сар карда дар ҳамаи бозиҳо, ба ғайр аз бозиҳои олимпии соли 1932 дар Лос Анҷелес, доир мешавад. Мусобиқаҳо аввал миёни мардон сурат мегирифт. Рақобати бонувон аз олимпиадаи соли 1996 дар Атланта шуруъ шуд.
  26.  ХОККЕЙ ДАР БОЛОИ АЛАФ 
    • Чавгонбозӣ ё хоккей дар болои алаф бори аввал дар Бозиҳои олимпии Лондон-1908 пайдо шуд ва то имрӯз дар барномаи ҳамаи бозиҳо (ба ғайр аз бозиҳои солҳои 1912 ва 1924) ҳаст. Рақобатҳо аввал миёни мардон ва аз олимпиадаи соли 1980 дар Маскав миёни бонувон сурат мегирад.
  27.  ҲАНДБОЛ 
    • Мусобиқа оид ба ҳандбол бори аввал дар Бозиҳои олимпии Берлин-1936 доир гашт ва аз соли 1972 (бозиҳои Мюнхен) ба барномаи бозиҳо ворид карда шуд. Рақобатҳо аввал миёни мардон сурат гирифт ва аз олимпиадаи соли 1976 дар Монтреал миёни бонувон низ доир мегардад.
      Мусобиқа соли 1936 дар формати 11х11 сурат гирифт ва баъдан дар формати 7х7 баргузор мешавад.
  28. ШАМШЕРБОЗӢ
    • Мусобиқа оид ба шамшербозӣ дар ҳамаи бозиҳои тобистонаи олимпӣ доир гардидааст. Аввал мардон ва аз соли 1924 (Париж) бонувон низ шамшербозӣ мекунанд.