Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Бозиҳои осиёӣ

Бозиҳои тобистонаи Осиё

1962. ҶАКАРТА

IV Бозиҳои тобистонаи Осиё
1962. 24 август - 4 сентябр. Ҷакарта (Индонезия)

Кишварҳои иштирокчӣ: 12
Варзишгарон: 1460
Намудҳои варзиш: 13

Бозиҳои 4-уми Осиё бо ҷанҷоли сиёсӣ рӯбарӯ шуд. Федератсияи Бозиҳои Осиё ваъда дод, ки ҳамаи кишварҳо, новобаста аз чигунагии муносибати дипломатиашон бо Индонезия раводид дарёфт хоҳанд кард (Мисли Исроил, Ҷумҳурии Чин ва Ҷумҳурии Корея). Аммо бо пофишории кишварҳои арабӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Индонезия ба намояндагони кишварҳои Исроил ва Ҷумҳурии Чин раводид надод ва онҳо дар бозиҳо иштирок накарданд.
Дар ин бозиҳо бадминтон ба барнома ворид карда шуд.

НАМУДҲОИ ВАРЗИШ

·         Бадминтон

·         Баскетбол

·         Бокс

·         Варзиши сабук

·         Волейбол

·         Велосипедронӣ

·         Гуштин

·         Теннис

·         Тенниси рӯи миз

·         Тирпаронӣ

·         Футбол

·         Хоккей дар рӯи алаф

·         Шиноварӣ

НАТИҶАИ БОЗИҲО

 Ҷой  Давлатҳо  Тилло    Нуқра    Биринҷӣ    Ҳамагӣ 
1  Ҷопон 73 65 23 161
2  Индонезия 21 26 30 77
3  Ҳиндустон 12 13 27 52
4  Филиппин 7 4 16 27
5  Ҷумҳурии Корея 4 4 7 15
6  Покистон 3 4 4 11
7  Таиланд 2 5 5 12
8  Федератсияи Малай        2 3 5 10
9  Бирма 2 1 7 10
10  Сингапур 1 0 1 2
11  Сейлон 0 1 2 3
12  Ҳонг Конг 0 0 1 1