XVI Бозиҳои тобистонаи Осиё
2010. 12-27
ноябр. Гуанжоу (Чин)
Кишварҳои иштирокчӣ: 45
Варзишгарон: 9704
Намудҳои варзиш: 42
Варзишгарон аз рӯи 42 намуди варзиш дар 476 қувваозмоӣ
рақобат карданд, ки дар таърихи бозиҳо бузургтарин дониста шуд. Ин охирин чунин
мусобиқаи бузург буд. Шӯрои олимпии Осиё барои бозиҳои оянда қоидаҳои навро
ҷорӣ кард.
Маросими кушодавӣ ва пӯшидашавии бозиҳо дар ҷазираи
Хайсинша доир шуд ва аввалин бозиҳо ба ҳисоб меравад, ки маросими ифтитоҳи
пӯшидашавӣ дар варзишгоҳ баргузор нашуд.
Дар бозиҳо 3 рекорди ҷаҳонӣ ва 103 рекорди Осиё шикаста
шуд.
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Гуанжоу соҳиби 4 медал - 1
тилло, 3 биринҷӣ гардиданд.
Медали тилло:
Дилшод Назаров, гурзпартоӣ,
натиҷа - 76.44 м.
Медалҳои биринҷӣ:
Расул Боқиев,
дзюдо, -73 кг
Муродалӣ Тӯйчиев,
гуштини юнонӣ-римӣ, 120 кг
Ҷаҳон Қурбонов,
бокс, -91 кг
НАМУДҲОИ
ВАРЗИШ