XI Бозиҳои тобистонаи Осиё
1890. 22 сентябр – 7 октябр. Пекин (Чин)
Кишварҳои иштирокчӣ: 37
Варзишгарон: 6122
Намудҳои варзиш: 29
Яке аз ҳодисаҳои такондиҳанда вобаста ба Бозиҳои 11-уми Осиё он буд, ки Шӯрои олимпии Осиё президенташ шайх Фаҳад Ас-Сабоҳро аз даст дод. Шайх дар ҳодисаҳои дахолати Ироқ ба корҳои дохилии Кувайт дар соли 1990 кушта шуд. Қароргоҳи Шӯрои олимпии Осиё то озодшавии Кувайт (1991) ба Британияи Кабир кӯчонида шуд.
Ҳангоми бозиҳо 7 рекорди ҷаҳонӣ (6-то дар тирпаронӣ, 1-то дар велосипедронӣ), 89 рекорди Осиё гузошта шуда, 1 рекорди ҷаҳонӣ ва 11 рекорди Осиё такрор гардиданд.
НАМУДҲОИ ВАРЗИШ
· Бадминтон
· Баскетбол
· Бокс
· Вазнбардорӣ
· Варзиши сабук
· Велосипедронӣ
· Волейбол
· Гимнастика
· Голф
· Гуштин
· Дзюдо
· Заврақронӣ
· Кабодда
· Камонварӣ
· Қайиқронии академӣ
· Қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ
· Тенниси рӯи миз
· Сепактакрау
· Софтбол
· Теннис
· Тирпаронӣ
· Ушу
· Футбол
· Хоккей дар рӯи алаф
· Ҳандбол
· Шиноварӣ
Намудҳое, ки намоиш дода шуд
· Бейсбол
· Тенниси нарм
НАТИҶАИ БОЗИҲО