Кумитаи иҷроияи UWW нақшаҳои мавҷударо барои баргузории мусобиқа дар Белгради Сербия аз 12 то 20 декабр, ки аз ҷониби беш аз 70 фоизи федератсияҳои миллӣ дастгирӣ ёфтааст, тасдиқ кард.
Аъзои федератсия якдилона Нурулло Лоиқовро дигарбора президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб карданд.
Зимни баромадаш дар ҷаласаи онлайнии роҳбарои дастаҳо дар Токио-2020, Томас Бах ваъдад дод, ки ташкилот “бо тамоми имконот фаъолият дорад, то бозиҳоро ба давраи баъд аз коронавирус мутобиқ созад”.
Бозии финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 миёни ду дастаи вилояти Хатлон – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар 18-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.
Дар доираи Барномаи рушди сохтори Федератсияи камонварӣ, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар асоси дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ амалӣ намуд, аз 4 то 10 октябр курси омӯзишӣ барои мураббиёни намуди камонварӣ доир шуд.
7 октябр ҷаласаи навбатии раёсати Созмони минтақавии зидди допинг дар Осиёи Марказӣ (RADOCA) дар формати онлайн баргузор шуд.
Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузории мусобиқаи Гранд слами Венгрияро охири моҳи октябр (23-25) дар шаҳри Будапешт тасдиқ кард.
Дар 16-ум Чемпионати Осиё оид ба футзал мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Ветнам ва Уммон ҳастанд.
Пас аз натиҷагирии 14 даври бозиҳо дастаи “Душанбе” дар ҳамаи вохқриҳо пирӯз гардида, аз 28 холи мумкин 28 хол ба даст овард.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ
Дастаи “Соро компания”-и Душанбе дар сеюм бозии даври нимфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 бар “Муҳоҷир” ғалаба (3:0) карда, ба финал баромад.
Ҷои сеюмро дастаи КМВА, ки дар даври 18-ум бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад, сазовор гардид.
1-3 октябр бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бо дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои варзишгарон семинари омӯзишӣ доир шуд.
Дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд дар ду бозии даври нимфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон бар дастаи “Истаравшан” ғалаба карда, ба финали мусобиқа баромад.
Бозиҳои даври дувоздаҳум ва се бозии даври сенздаҳуми лигаи ҳендболи Тоҷикистон баргузор шуданд.
Бозиҳои даври мавқуфмондаи 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расиданд.
30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав майдончаи варзишии болопӯшидаро ба истифода доданд.
29 сентябр дар даври мавқуфмондаи 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дастаи “Истаравшан” бар тими “Файзканд”-и Восеъ ғалаба кард – 5:2.
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Клуби варзишии Парвиз Собировро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Имрӯз, 29 сентябр, дар Хуҷанд дар аввалин силсилабозиҳои ҷуфти дигари нимфинали лигаи футзали кишвар “Сипар” дастаи “Истаравшан”-ро қабул мекунад.