Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ахбор

Футзал: ба “Сипар” як ғалабаи дигар даркор, то чемпион шавад
19.10.2020

Дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и пойтахт дар ду силсилабозиҳои финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2020 ғалаба карда, ба дарёфти унвони чемпионӣ наздик шуд.

“Равшан”-и Кӯлоб – ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020
19.10.2020

Дастаи “Равшан” маротибаи дуюм аст, ки соҳиби Ҷоми Тоҷикистон мешавад. Қаблан, 26 сол пеш, соли 1994, ҷомро болои сар карда буд.

Марҳилаи финали ЧО оид ба футзал имсол доир намешавад
15.10.2020

Ёдовар мешавем, ки дар 16-ум Чемпионати Осиё оид ба футзал мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад.

Бо дастури Пешвои миллат ягона мактаб-интернати варзишӣ таъмир шуд
15.10.2020

Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии таҳсилоти “Мактаб-интернати тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов” таъмир шуд.

Мунтахаби футболи кишвар моҳи ноябр ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
14.10.2020

Мунтахаби кишвари мо 7 ноябр бо тими мунтахаби Баҳрайн, 12 ноябр бошад, бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ хоҳад кард.

Президенти UWW нисбат ба баргузории ЧҶ-2020 "эҳтиёткорона хушбин" аст
14.10.2020

Кумитаи иҷроияи UWW нақшаҳои мавҷударо барои баргузории мусобиқа дар Белгради Сербия аз 12 то 20 декабр, ки аз ҷониби беш аз 70 фоизи федератсияҳои миллӣ дастгирӣ ёфтааст, тасдиқ кард.

Конференсияи интихобии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон доир шуд
13.10.2020

Аъзои федератсия якдилона Нурулло Лоиқовро дигарбора президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб карданд.

Бах: варзишгарон метавонанд орзуи олимпии худро дар Токио амалӣ кунанд
13.10.2020

Зимни баромадаш дар ҷаласаи онлайнии роҳбарои дастаҳо дар Токио-2020, Томас Бах ваъдад дод, ки ташкилот “бо тамоми имконот фаъолият дорад, то бозиҳоро ба давраи баъд аз коронавирус мутобиқ созад”.

Финали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол 18 октябр баргузор мешавад
12.10.2020

Бозии финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 миёни ду дастаи вилояти Хатлон – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар 18-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Курси омӯзишии онлайн барои мураббиёни камонварӣ
12.10.2020

Дар доираи Барномаи рушди сохтори Федератсияи камонварӣ, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар асоси дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ амалӣ намуд, аз 4 то 10 октябр курси омӯзишӣ барои мураббиёни намуди камонварӣ доир шуд.


11 - 20 => 1339
|< | <<. | 1 2 3 4 5 | >>. | >|