23 июл маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд.
22 июн, ҳамчунин маросими қуръакашии мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд.
Либосҳои варзиширо ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, мисли Nike, Mizuno, Speedo ба варзишгарони мо тақдим карданд.
Имрӯз, 22 июл, маросими қуръакашии мусобиқаи ҷудо дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуда, ҳарифони варзишгарони мо муайян шуданд.
Зимни мулоқот ба маълумоти варзишгарон расонида шуд, ки аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат ба варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, хона туҳфа карда мешавад.
Дар 138-ум Иҷлосияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), ки дар Токио ҷараён дорад, шаҳри Брисбени Австралия мизбони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 интихоб шуд.
Се рӯз қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах иброз намуд, аз гузашта дарси ибрат бигирем ва ба умеди ояндаи равшантар шавем.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар маросими кушодашавии 32-юм Бозиҳои Олимпиада парчамбардори Ҳайати олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.
Аз 23 июл то 8 август дар шаҳри Токиои Ҷопон 32-юм Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад, ки дар он Ҳайати олимпии Тоҷикистон низ ширкат мекунад.
9-16 июл бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода курси техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни таеквондо доир шуд.