Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БАРОИ МАЪМУРОНИ СОҲАИ ВАРЗИШИ ШАҲРИ ХУҶАНД ДАВРАИ ОМӮЗИШИИ ҲАМБАСТАГИИ ОЛИМПӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

04.07.2024

: 301

Дар даҳаи сеюми моҳи июни соли равон бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд давраи омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиш баргузор гардид.
Ҷараёни омӯзиши аз рӯи Дастурамали мудирияти варзиш сурат гирифта, иштирокчиён доир ба таҳкими принсипҳои мудирияти самараноки ташкилотҳои варзиш, рушди варзиш, муҳокимаи асосҳои мудирияти самараноки ташкилотҳои варзишӣ, арзишҳо ва принсипҳои ахлоқ дар варзиш, принсипҳои мудирияти самарабахши варзиш, таъмини мудирияти самаранок ва одилонаи варзиш дар ҷомеа, хусусият ва дастовардҳои Ҳаракати олимпӣ омӯзиш дода шуданд.
Дар ин давраи омӯзишӣ зиёда аз 25 нафар маъмурони соҳаи варзиш аз минтақаи зикргардидаи ҷумҳурӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷониби Кумита ба ҳар як иштирокчӣ Дастурамали мудирияти варзиш дода шуда, ба онҳо тавсия дода шуд, ки мавзуъҳои омӯхтаашонро аз рӯи дастурамали мазкур ба ҳамкасбон ва дастпарваронашон мубодила намоянд.  
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар интиҳои давраи омӯзишии мазкур иштирокчиёнро бо сертификати таъсисдодаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ сарфароз гардонид.