Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НАТИҶАИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ “ОМӮЗИШИ ФАРҲАНГ ВА МЕРОСИ ОЛИМПӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №61 БА НОМИ УМАРОВ МИРЗО, НОҲИЯИ ВОСЕЪ

31.05.2024

: 652

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 ба номи Умаров Мирзо, н. Восеъ миёни намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ ҷамъомад баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ҷамъомад ин ҷамъбаст намудани барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ”  дар ин муассиса буд.
Маврид ба зикр аст, ки як қатор хонандагони ин муассиса аз рӯи дастурамал оид ба “Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ” доир ба сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарҳанг ва мероси олимпӣ мавзуъҳоро омӯзиш гирифта буданд.
Ҷиҳати ба ҳадафҳои гузошташудаи барнома расидан ва бо мақсади ҷамъбаст намудани барнома дар ин муассисаи таълимӣ миёни хонандагон виктарина баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумита сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, миёни хонандагону директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – Мавзуна Чориева суҳбати озод дар мавзӯи варзиш, арзишҳои олимпӣ ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар кишвар баргузор гардид.
Аз ҷониби Кумита ба директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – Мавзуна Чориева кӯмаки яквақтаина, аз қабили маводҳои дафтардорӣ ва лавозимотҳои варзишӣ расонида шуд.
Роҳбарият ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмак ва татбиқи барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” дар ин муассиса изҳори сипос намуданд.