Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ КУМИТА БО НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ “AVK GmbH”

28.05.2024

: 129

Санаи 28 майи соли равон дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ҷонибҳо мулоқоти ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Назаров Дилшод, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Абдуллозода Муҳаммадшо  бо Алексей Пирогов - ноиби Президенти фурӯш ва маркетинги ширкати  “AVK GmbH” дар кишварҳои ИДМ баргузор гардид.
Зимни мулоқот Назаров Дилшод аз сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз намуд, ки имрӯзҳо соҳаи варзиш дар кишвар бо суръат рушд намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон макони баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ гашта истодааст.
Ин гуфтаҳоро Алексей Пирогов тасдиқ намуда, иброз намуд, ки дар хориҷи кишвар ин сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар аъло эҳсос мегардад.
Зимнан, Алексей П. оид ба ширкати “AVK GmbH” маълумот дода, иброз намуд, ки фаъолияти ин ширкат бо насб намудани таҷҳизотҳои равшандиҳанда дар иншоотҳои варзишӣ, фурӯш ва таъмин намудани таҷҳизоти варзишӣ ва иҷроиши дигар корҳои логистикии вобаста ба иншоотҳои варзишӣ дар тамоми дунё равона гардидааст.
Зикр намуд, ки ширкат зиёда аз 15 сол аст, ки фаъолият намуда, дар ин муддат зиёда аз 500 иншооти калони варзиширо бо таҷҳизотҳои лозимаи варзишӣ ва равшандиҳӣ таъмин намудааст. Дар байни онҳо иншоотҳои варзишие ҳастанд, ки мусобиқаҳои сатҳи олии байналмилалӣ аз қабили бозиҳои олимпӣ, универсиадаҳо, мусобиқаҳои аврупоӣ, чемпионатҳои қитъавию миллӣ, иншооти варзиши оммавӣ, толорҳои варзишии мактабӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, клубҳои фитнес ва дигар иншоотҳои варзишӣ мебошанд.
Дар интиҳои мулоқот ноиби Президенти фурӯш ва маркетинги ширкати  “AVK GmbH” дар кишварҳои ИДМ  иброз намуд, ки ширкат омодааст, ки дар насб намудани таҷҳизотҳои равшандиҳанда дар иншоотҳои варзишӣ, фурӯш ва таъмин намудани таҷҳизоти варзишӣ бо ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро ба роҳ монад.
Баъд аз анҷоми мулоқот Алексей П. аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-и Кумита дидан намуда, дастовардҳо ва таърихи варзиши кишвар аз ҷониби роҳбарияти Кумита муаррифӣ гардиданд.