Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ПЕШНИҲОДИ ТАЪРИХИИ ВАРЗИШИИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛИРО ҚАБУЛ НАМУД

08.05.2024

: 114

Бо пайрави аз сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуда буданд, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карда, тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” расман эълон гардад.
Ин пешниҳоди таърихии варзишии муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, дар ин хусус Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид “Қатънома дар бораи эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии Футбол”-ро бо қарори махсус қабул кард.
Дар Қатъномаи мазкур аҳамияти дар рӯҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналмилалӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.
Таърих гувоҳ аст, ки мардумони сайёраи замин бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғуланд ва то имрӯз “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” расман дар дунё қабул нагардида буд. Дар ин росто, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таърихи варзиши сайёраи замин аввалин ташаббускор ҳастанд, ки ин пешниҳоди олии варзиширо санаи 9 феврали соли равон ба Созмони Милали Муттаҳид расман пешниҳод намуда буданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ бозии футболро яке аз воситаҳои муттаҳидсозӣ, ба ҳам омадани варзишгарон, василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарон ҷиҳати муаррифӣ намудани давлату миллатҳои хеш дар арсаи байналмилалӣ меҳисобанд.
Дар ин росто, Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси таърихии варзишии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи 25 май эълон кардани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” якдилона қабул намуданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ин хушхабари таърихии варзиширо ба кулли шаҳрвандони дохилию бурунмарзӣ ва ба ҷомеаи ҷаҳонии футбол табрик менамояд!