Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

46 НАФАР ВАРЗИШГАРОН БА 6 РӮЗА СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ ФАРО ГИРИФТА ШУДАНД

46 НАФАР ВАРЗИШГАРОН БА 6 РӮЗА СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ ФАРО ГИРИФТА ШУДАНД 46 НАФАР ВАРЗИШГАРОН БА 6 РӮЗА СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ ФАРО ГИРИФТА ШУДАНД 46 НАФАР ВАРЗИШГАРОН БА 6 РӮЗА СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ ФАРО ГИРИФТА ШУДАНД

25.04.2024

: 60

Дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон давоми 6 рӯз ба 46 нафар варзишгарони муваффақи ин минтақаҳои кишвар семинари омӯзишии Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Грант барои фаъолияти Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпӣ баргузор гардид.
Дар семинарҳои омӯзишии мазкур варзишгарони намудҳои олимпӣ аз ин ноҳияҳо ҷалб карда шуданд. Зимни баргузории ин семинарҳо маърӯзачиён ба варзишгарон мавзуъҳои нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди варзиш ва Ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ, эъломияи варзишгарон, вазифаи Комиссияи варзишгарон, гузариш ба касбият пас аз варзиш, муҳофизати варзишгарон аз таъқиб ва сӯиистифода, тибби варзиш ва фаҳмидани ҷароҳатҳои варзишӣ, саломатии рӯҳӣ, зиддидопинг ва ғайраҳоро ба варзишгарон омӯзиш доданд.
Ҳамзамон, дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон намояндагии Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Зимнан, миёни раиси Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – Мавзуна Чориева бо иштирокчиёни ин семинарҳои омӯзишӣ мулоқот анҷом дода шуд. Дар ҷараёни мулоқот Мавзуна Чориева мақсаду ҳадафҳои низомномавии комиссияи мазкурро ба варзишгарон маълумот дода, иброз намуд, ки мақсад аз баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ ва таъсиси намояндагии Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ин омӯзиши варзишгарон, гузариши варзишгарон ба касбият ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои варзишгарон мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки аз моҳи сентябри соли 2019 то имрӯз намояндагии Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар 16 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуда, 16 семинарҳои омӯзишӣ давоми 40 рӯз барои варзишгарон гузаронида шуд. Ҳамзамон, 301 нафар варзишгарони муваффақи 16 шаҳру ноҳияҳои мамлакат аъзои Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шуданд.