Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ - САРМУРАББИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОДИ ТОҶИКИСТОН

ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ - САРМУРАББИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОДИ ТОҶИКИСТОН ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ - САРМУРАББИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОДИ ТОҶИКИСТОН ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ - САРМУРАББИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОДИ ТОҶИКИСТОН

03.02.2023

: 225

Барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Юсуф Абдусаломов сармураббии дастаи мунтахаби гӯштини тарзи озоди Тоҷикистон таъин шуд.

Маросими имзои шартномаи ҳамкорӣ 2-юми феврал дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон доир гашт. Шартномаро Юсуф Абдусаломов ва президенти Федератсияи гӯштини Тоҷикистон Ҷамшед Машрабзода дар ҳузури ноибони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва Дилшод Назаров имзо карданд.

Дар асоси шартнома, ки то анҷоми Бозиҳои олимпии Париж-2024 эътибор дорад, Юсуф Абдусаломов дастаи мунтахаби гӯштини тарзи озоди Тоҷикистонро ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Париж ва ба даст овардани медали олимпӣ омода мекунад.

Федератсияи гӯштини Тоҷикистон ин иқдомро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби мураббиёни хориҷӣ ва легионерҳо ба дастаҳои мунтахаб амалӣ намуд.

Аз ин пештар, федератсия ду шаҳрванди Федератсияи Россия Абдулмаҷид Кудиев ва Магомаед Евлоевро ба дастаи мунтахаби гӯштини тарзи озоди Тоҷикистон ҷалб намуд, ки ҳар ду дар Чемпионати Тоҷикистон (28 январ) сазовори ҷои аввал шуданд ва аз ин пас Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ намояндагӣ мекунанд.