Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО: ИСТГОҲИ ОХИРИН - ЙЕРУСАЛИМ

16.12.2022

: 227

Мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2022 бо сабқати ситораҳои ҷудо дар Йерусалими Исроил (Jerusalem Masters 2022) ба анҷом мерасад.

Мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон 20-22 декабр бо иштироки 382 варзишгар (200 мард, 182 зан) аз 58 давлат баргузор мешавад. Тибқи низомнома ба мусобиқа варзишгароне, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни худ то ҷои 36-умро ишғол намудаанд, даъват карда мешаванд. Танҳо кишвари мизбон ҳуқуқ дорад дар ҳар вазн ду варзишгар пешниҳод намояд.

Ҳамин тариқ, аз кишвари мо се нафар – Эмомалии Нуралӣ (36-ум ҷой дар вазни -66кг), Комроншоҳ Устопириён (16-ум ҷой дар вазни -90кг) ва Темур Раҳимов (1-ум ҷой дар вазни +100кг) ҳаққи иштирок дар мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳонро пайдо карданд.

Дар асоси барномаи мусобиқа Эмомалӣ рӯзи якум (20 декабр), Комроншоҳ ва Темур рӯзи сеюм (22 декабр) гуштин мегиранд.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ва ба даст овардани холҳои олимпӣ, бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ҷои аввал – 6000 евро, ҷои дуюм 4000 евро ва ҷои сеюм 2000 евро.