Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НАВРӮЗ КАРИМЗОД – БАРАНДАИ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ЧҶ ОИД БА КУРАШ

28.11.2022

: 264

23-28 ноябр дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш баргузор шуд.

Дар чорабинӣ варзишгарон аз 60 давлат ширкат намуданд. Аз ҷумла Тоҷикистонро 3 варзишгар - Муҳаммадризо Қувватов (-60кг), Наврӯзи Каримзод (-73кг) ва Фаррух Маҳмудов (-81кг) намояндагӣ карданд.

Аз миёни онҳо Наврӯзи Каримзод дар вазни -73кг ба гирифтани медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш мушарраф шуд.

Муҳаммадризо Қувватов ва Фаррух Маҳмудов то даври чорякфинал баромаданд, вале дар рақобат барои роҳ ёфтан ба нимфинал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.