Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “РАВШАН”-И КӮЛОБ ҶОИ ДУЮМ, “ХУҶАНД” ҶОИ СЕЮМРО КАСБ КАРДАНД

28.11.2022

: 178

31-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. "Истиқлол"-и Душанбе медалҳои тило, "Равшан"-и Кӯлоб медалҳои нуқра ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд медалҳои биринҷиро сазовор шуданд.

Бозии даври 23-юм дар гурӯҳи «А» миёни ду дастаи Душанбе - КМВА ва «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуда, бо ҳисоби 5:1 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт.

Дар бозии дигар дастаи “Хуҷанд” дар майдони худ тими “Хатлон”-и Бохтарро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқа «Истиқлол» бо 48 хол ҷойи аввалро касб кард. «Равшан»-и Кӯлоб бо 35 хол дар ҷойи дуюм, “Хуҷанд” бо 34 хол дар зинаи сеюм ҷойгир шуданд. “Хатлон” ҳам 34 хол гирифт, аммо бо дарназардошти таносуби тӯбҳо мақоми чорумро касб кард ва аз медал бенасиб монд.

«Истиқлол», ки дар мавсими имсола ҳам дар Ҷоми Тоҷикистон ва ҳам дар Чемпионати Тоҷикистон ғолиб шуд, дар мавсими оянда дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бозӣ хоҳад кард. «Равшан» ва «Хуҷанд» Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC-2023 намояндагӣ мекунанд.

Ду дастаи вилояти Суғд - «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Равшан»-и Зафаробод, ки аз рӯи натиҷагирии Чемпионати Тоҷикистон-2022 ҷойҳои охирро гирифтанд, мавқеашонро дар лигаи олӣ нигоҳ дошта натавонистанд ва соли оянда дар лигаи якум бозӣ хоҳанд кард. Ба ҷои онҳо ду дастаи беҳтарини лигаи якум – “Ҳосилот” ва “Куктош” ба лигаи олӣ роҳхат гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки тими «Истиқлол»-и пойтахт маротибаи ёздаҳум дар таърихи худ медалҳои тиллои Чемпионати Тоҷикистонро ба даст овард. Қаблан серҷоизатарин клуби футболи кишвар дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020 ва 2021 чемпиони Тоҷикистон шуда буд.