Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАБЛИҒИ АРЗИШҲОИ ОЛИМПӢ ДАР МТМУ №29-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАБЛИҒИ АРЗИШҲОИ ОЛИМПӢ ДАР МТМУ №29-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАБЛИҒИ АРЗИШҲОИ ОЛИМПӢ ДАР МТМУ №29-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАБЛИҒИ АРЗИШҲОИ ОЛИМПӢ ДАР МТМУ №29-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАБЛИҒИ АРЗИШҲОИ ОЛИМПӢ ДАР МТМУ №29-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ

22.11.2022

: 299

Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 22 ноябр дар доираи Барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ”-и Ҳамбастагии олимпӣ ва ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и шаҳри Душанбе чорабинӣ доир гашт.

Дар чорабинӣ директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева ва дигар мутахассисони Кумита иштирок карданд.

Директори муассиса Ситора Нарзуллоева зимни сухани ифтитоҳӣ аз ҷумла қайд кард, ки соҳаи варзиш дар кишвари мо бо ҳидояту дастгириҳои Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушд мекунад ва барои омӯзишу тамрини наврасону ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё аст. Аз наврасону ҷавонон танҳо талаб карда мешавад, ки аз ин шароитҳо хуб истифода баранд ва муаррифгари Ватани худ бошанд.

Мавзуна Чориева дар навбати худ, хонандагонро бо Рӯзи Парчами давлатӣ таҳният гуфта, иброз намуд, ки маҳз варзишгарон парчамбардор ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ҳастанд. Таъкид шуд, ки дар баробари фароҳам овардани шароити тамрин барои варзишгарон, ҳамчунин онҳо аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мешаванд. Аз ҷумла соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии сатҳи баланди байналмилалӣ таъсис ёфт. Тибқи низомномаи ҷоиза, барандагони медали тиллои Бозиҳои олимпӣ 300 000 сомонӣ, Чемпионати ҷаҳон 200 000 сомонӣ, Бозиҳои Осиё 200 000 сомонӣ ва Чемпионати Осиё 75 000 сомонӣ, ҳамчунин ҷоизадорони ин чорабиниҳо ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд. Дар баробари ин, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ варзишгароне, ки ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил мегарданд, аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунад. Аз ҷумла, чанде пеш ба Темур Раҳимов барои ба даст овардани медали тиллои Гранд Слами Боку оид ба ҷудо ва ба Шавкат Раҳимов барои ба даст овардани унвони чемпиони ҷаҳон дар бокси касбӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим шуд.

Маълум гардид, хонандагони МТМУ №29 дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, ба дастовардҳо ноил гардидаанд. Аз ҷумла паҳлавони маъруфи кишвар, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Акмалиддин Каримов дастпарвари ин муассиса мебошад.

Ба хонандагони муассиса доир ба таърихи Бозиҳои олимпӣ, эҳёи Бозиҳои олимпӣ, арзишҳои олимпӣ, мубориза бо допинг маърузаҳо хонда шуд.

Ба муассиса дар доираи барнома маводи дафтардорӣ ва дастурамалҳои омӯзишӣ тақдим карда шуд.