Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“СОРО КОМПАНИЯ” ЧЕМПИОНИ ЧОРКАРАТАИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТЗАЛ ШУД

20.11.2022

: 220

Клуби “Соро компания”-и Душанбе таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов маротибаи чорум дар таърихи худ унвони Чемпиони Тоҷикистон оид ба футзалро ба даст овард.

19-уми ноябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» бозии сеюми силсилаи финалии Суперлигаи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он “Соро компания” бар “Истиқлол” бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд.

Дар ҳайати “Соро компания” легионери эронӣ Шаҳром Шарифзода дубл анҷом дод. Идрис Ёров ва Муҳсин Муҳаммадзода якголӣ заданд. Дар ҳайати “Истиқлол” Рустам Ҳамидов ду гол, Абдуқаюм Умаров як голро ба номашон сабт карданд.

Ҳамин тариқ, “Соро компания” дар бозии сеюми силсилаи финалӣ пирӯз шуда, Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон оид ба футзал гардид. Дастаи Пайрав Воҳидов қаблан солҳои 2018, 2019 ва 2021 соҳиби медалҳои тилло шуда буд.

Медалҳои нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон-2022 насиби тими “Истиқлол” ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Истаравшан” гардид.