Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНИ БОЛОПӮШИДАИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕВАШТИЧ

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНИ БОЛОПӮШИДАИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕВАШТИЧ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНИ БОЛОПӮШИДАИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕВАШТИЧ

14.11.2022

: 180

14 ноябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашма майдони болопӯшидаи варзиширо ифтитоҳ карданд.

Дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва бо мақсади саҳм гузоштан дар ободии Ватан соҳибкори маҳаллӣ Хироҷидддин Сайфиддинов иншооти варзиширо бунёд намудааст.

Майдони варзишии болопӯшида дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта шуда, асосан барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардидааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти варзишӣ 10 нафар сокинони деҳаи Ҳазорчашма бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми ватандӯстонаи соҳибкор баҳои баланд дода, зарур шумориданд, ки минбаъд дар деҳоти ноҳияи Деваштич чунин иншооти варзишӣ, аз ҷумла толору майдонҳои варзишӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шавад. Зеро варзиш яке аз василаҳое мебошад, ки дар баробари солим нигоҳ доштани ҷомеа давлату миллатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки дар деҳаи Ҳазорчашмаи деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд қариб 1200 оила зиндагӣ мекунад. Минбаъд кӯдакону наврасон ва ҷавонони ин деҳа дар майдони навбунёд ба варзиш машғул шуда, дар баробарии солим нигоҳ доштани худ малакаи варзишии хешро баланд мебардоранд.

Ба наврасону ҷавонони варзишдӯст туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз либос ва лавозимоти варзишӣ тақдим гардид. Ҷавонону наврасон ваъда доданд, ки дар оянда вақтҳои холии худро дар ин майдони варзишӣ ба бозии футбол ва тарбияи бадан мегузаронанд.

Дар ноҳияи Деваштич 1 мактаби варзишӣ ва беш аз 110 иншооти варзишӣ амал мекунад, ки дар он 20 нафар мураббӣ 440 нафар наврасону ҷавононро машқу тамрин медиҳанд. Дар ноҳия ба рушди футбол, волейбол, каратэ, намудҳои гуштин, шашкаву шоҳмот, ушу ва дигар намудҳои варзиш таваҷҷуҳ равона шудааст.