Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР КМОТ ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ ГУШТИНИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД

ДАР КМОТ ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ ГУШТИНИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД ДАР КМОТ ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ ГУШТИНИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД ДАР КМОТ ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ ГУШТИНИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД ДАР КМОТ ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ ГУШТИНИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД ДАР КМОТ ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ ГУШТИНИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД ДАР КМОТ ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ ГУШТИНИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД

11.11.2022

: 447

11 ноябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Федератсияи гуштини Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласа истеъфои президенти федератсия Мирзоалӣ Комил тасдиқ гардида, Машрабзода Ҷамшед президенти нави Федератсияи гуштини Тоҷикистон интихоб шуд.

Машрабзода Ҷамшед ба иштирокчиёни ҷаласа барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз намуд, ки якҷо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди намуди гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ талош мекунем.

“Бояд дар навбати аввал рушди гуштин миёни наврасон таъмин карда шавад. Зеро агар варзишгар ҳамаи зинаҳоро тай кунад, ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад шуд. Барои ин мо сохтмони як толорро барои машқу тамрини дастаҳои мунтахаби ҳам наврасон, ҳам ҷавонону калонсолон ба нақша гирифтаем. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар наздиктарин фурсат сохтмони Маркази гуштинро дар пойтахт шуруъ хоҳем кард”, - гуфт Машрабзода Ҷамшед.

Дар идома бо пешниҳоди президенти нави Федератсия мутахассисони соҳаи варзиш Шодӣ Баҳромов, Саидҷалол Саидов, Алишер Каримов ноибони президент ва Шаҳобзода Тоҳир котиби генералии Федератсияи гуштини Тоҷикистон интихоб шуданд.

Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, ки дар ҷаласа ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ иштирок дошт, роҳбарияти нави федератсияро табрик намуда, ёдовар шуд, ки дастоварди варзишгарони мо дар намуди гуштин назаррас аст. Аз ҷумла мо аз ин намуд медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ, нуқраи Чемпионати ҷаҳон, медали тиллои Чемпионати Осиё, ҷоизадорони Бозиҳои олимпии наврасон, Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ва ғайра дорем. Дилшод Назаров умед кард, бо фароҳам кардани шароити хуб ва дастгирӣ гуштингирони мо имкони ба даст овардани натиҷаҳои назаррасро доранд.