Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС: БАҲОДУР ВА МУҲАММАД БА НИМФИНАЛ БАРОМАДАНД

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС: БАҲОДУР ВА МУҲАММАД БА НИМФИНАЛ БАРОМАДАНД ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС: БАҲОДУР ВА МУҲАММАД БА НИМФИНАЛ БАРОМАДАНД ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС: БАҲОДУР ВА МУҲАММАД БА НИМФИНАЛ БАРОМАДАНД ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС: БАҲОДУР ВА МУҲАММАД БА НИМФИНАЛ БАРОМАДАНД

08.11.2022

: 237

Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар Шаҳри Аммони Урдун ҷараён дорад, ба даври нимфинал расид.

1-7 ноябр муҳорибаҳо дар даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинал аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 12 категория миёни бонувон баргузор шуданд. Бо натиҷагирӣ аз даврҳои муқаддамотӣ ду варзишгари мо Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92кг ба нимфинал роҳ ёфтанд.

Баҳодур Усмонов дар даври аввал бар варзишгари Кувайт Нодир Бадрон, дар даври дуюм бар намояндаи Тайланд Сомчай Вонгсуван, дар чорякфинал бар варзишгари Туркманистон Хурсанд Имонқулиев пирӯз гардид. Дар нимфинал 10 ноябр бо варзишгари Ҳиндустон Шива Тапа вомехурад.

Муҳаммад Аброриддинов сабқатро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Сурия Муҳаммад Млайес пирӯз шуд. Ҳарифаш дар нимфинал намояндаи Қазоқистон Камчибек Конкабаев мебошад. Ин муҳориба низ 10 ноябр доир мегардад.

8 варзишгари дигарамон – Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг) дар чорякфинал аз варзишгари Ҷопон Намики Тсукими, Миҷгона Самадова (-57кг) дар даври аввал аз намояндаи Тайпей Ю-Тинг Лин, Шоира Зулқайнарова (-60кг) пас аз ғалаба бар варзишгари Ҷопон Танака Ринка дар даври аввал, дар даври дуюм аз намояндаи Тайпей Шин-Йӣ Ву, Хусравхон Раҳимов (-57кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз варзишгари Тайпей Ченг-Вей Ли, Абдумалик Болтаев (-75кг) пас аз пирӯзӣ бар намояндаи Сурия Аҳмад Ғоссон, дар даври дуюм аз варзишгари Узбекистон Саидҷамшид Ҷаъфаров, Шаббос Негматуллоев (-80кг) дар даври аввал аз намояндаи Ҳиндустон Лакша Чаҳар, Наврӯз Ҷафоев (-86кг) дар чорякфинал аз намояндаи Қазоқистон Сагиндик Тогамбай ва Давлат Болтаев (-92кг) дар чорякфинал аз варзишгари Урдун Аҳмад Сулаймон мағлуб гардида, аз идомаи сабқатҳо бенасиб монданд.