Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “ИСТИҚЛОЛ” ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

07.11.2022

: 213

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 4 ноябр бар тими “Хатлон” ғалаба карда (1:0), маротибаи 11-ум чемпиони Тоҷикистон шуд.

Бозиҳои даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон 4-6 ноябр баргузор шуданд.

Голи ягонаро дар бозии гурӯҳи “А” миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Хатлон” Алиҷон Кароматуллозода зад. Дар бозии дигари гурӯҳ “Равшан”-и Кӯлоб дар сафар тими КМВА-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Комрони Мирзохон ва Абдухалил Боронов заданд.

Дар гурӯҳи “В” “Регар-ТадАЗ” бар тими “Эсхата” бо ҳисоби 2:1, “Файзканд” бар “Истаравшан” бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд.

Пас аз натиҷагирии 20 даври бозиҳо “Истиқлол” дар ҷадвали мусобиқа бо 42 хол дар ҷои аввал аст. “Равшан” бо 10 хол камтар (32) дар ҷои дуюм, “Хатлон” бо 31 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Бозиҳои даври 21-уми лигаи олӣ 9-11 ноябр ба нақша гирифта шудааст. 9 ноябр “Равшан”-и Кӯлоб – “Истиқлол”, “Хуҷанд” – КМВА, 10 ноябр “Эсхата” – “Истаравшан”, 11 ноябр “Равшан”-и Зафаробод - “Регар-ТадАЗ” вомехуранд.