Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТАЕКВОНДО (WT)-И ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД

ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТАЕКВОНДО (WT)-И ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТАЕКВОНДО (WT)-И ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТАЕКВОНДО (WT)-И ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТАЕКВОНДО (WT)-И ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД

01.11.2022

: 332

1-уми ноябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи миллии Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласа аъзои федератсия, мураббиёну доварон ва намояндагони варзишгарон ширкат карданд.

Пас аз тасдиқи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласа, масъалаи истеъфои раиси федератсия ва интихоби раиси нави федератсия баррасӣ шуд.

Ҷаҳонзеб Қармишев, ки аз соли 2017 раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон буд, истеъфо дод. Аъзои ҷаласа ба Ҷаҳонзеб Қармишев барои фаъолияташ дар ин симмат дар муддати панҷ сол миннатдорӣ карда, барояш муваффақият хостанд.

Қайд гардид, ки натиҷаи варзишгарони мо дар намуди таеквондо хуб аст. Аз ҷумла аз рӯи ин намуди варзиш мо медали биринҷии Бозиҳои олимпии наврасон (2010-Сингапур), ду иштирокчии Бозиҳои олимпӣ (2012-Лондон), се медали биринҷии Бозиҳои Осиё (2014-Инчон), 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷии чемпионатҳои Осиёро дорем.

Сипас бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиёни ҷаласа Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло – директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон интихоб шуд.

Шарифзода Зайнулло ба иштирокчиёни ҷаласа барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз намуд, ки дар ҳамкорӣ намуди олимпии таеквондоро рушд медиҳем, хусусан вазифа гузошт, ки бояд варзишгарони мо аз рӯи ин намуд ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳхат гиранд.

Бо пешниҳоди раиси нави федератсия Қармишев Ҷаҳонзеб ноиби аввали раис ва Собирзода Парвиз ноиби раиси федератсияи интихоб шуданд.