Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН: “ИСТИҚЛОЛ” ВА “КУКТОШ” ДАР ФИНАЛ

17.10.2022

: 240

15 октябр бозиҳои ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуд.

Дар натиҷа, пешсафи лигаи олӣ – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва пешсафи лигаи якум – “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ба финал баромаданд.

“Истиқлол” дар сафар бо дастаи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд мусовӣ (1:1) бозӣ кард. Ҳар ду голро бонкчиҳо заданд – Олимҷон Каримов ба дарвозаи дастаи худаш, Дилшод Бозоров ба дарвозаи тими ҳариф. Дар бозии аввал “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд.

Дар бозии дигар “Куктош” тими “Хатлон”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои тими ғолибро Сорбон Ғиёсов, Муҳаммад Гулаев, голи тими Бохтарро Жан Гатен заданд. Бозии аввали дастаҳо мусовӣ (0:0) анҷом ёфта буд.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол” ва “Куктош” 29 октябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар дар финали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол вомехуранд.