Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МЕДАЛИ НУҚРАИ ҶАМШЕД МАҚСУДОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

МЕДАЛИ НУҚРАИ ҶАМШЕД МАҚСУДОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН МЕДАЛИ НУҚРАИ ҶАМШЕД МАҚСУДОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН МЕДАЛИ НУҚРАИ ҶАМШЕД МАҚСУДОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

06.10.2022

: 377

Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни собиқадорон 4 октябр дар шаҳри Пловдиви Булғористон шуруъ шуд ва то 9 октябр идома меёбад.

Дар мусобиқа ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати ҷаҳон дар 5 гурӯҳ вобаста ба синну солашон (дар ҳар гурӯҳ 6 вазн) иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо ду нафар – бародарон Ҷамшед ва Зайниддин Мақсудовҳо дар ин чорабинӣ ширкат карданд.

Дар рӯзи дуюми нерӯсанҷиҳо Ҷамшед Мақсудов дар вазни 70кг-и гурӯҳи “D” ба гирифтани ҷои дуюм мушарраф шуд. Рақобатҳои ин вазн нахуст ба таври даврӣ сурат гирифта, Ҷамшед дар даври аввал аз Шамше Тлашадзеи гурҷистонӣ мағлуб шуда, дар ду даври дигар бар Гунар Спрунк (Олмон) ва Ивайло Саров (Булғория) пирӯз гардид ва ба нимфинал баромад. Дар нимфинал варзишгари мо муқобили намояндаи Узбекистон Убайдулло Эргашев дастболо шуд ва дар финал боз ҳам бо варзишгари Гурҷистон Шамше Тлашадзе вохурда, мағлуб гардид. Ҷои сеюмро намояндаи Олмон Стефан Биттменн сазовор шуд.

Зайниддин Мақсудов бошад, дар вазни -78кг-и гурӯҳи “С” ҷои панҷумро касб кард. Зайниддин дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Владимир Овсяников ғолиб омад, аммо дар нимфинал аз варзишгари Словакия Атилла Райз ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи Албания Мираш Палӣ шикаст хурд.