Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДУ НУҚРА ВА ЯК БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДУ НУҚРА ВА ЯК БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ДУ НУҚРА ВА ЯК БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ДУ НУҚРА ВА ЯК БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ДУ НУҚРА ВА ЯК БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ДУ НУҚРА ВА ЯК БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

08.08.2022

: 363

4-7 август дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба ҷудо баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори се медал шуданд.

Дар чемпионат 168 варзишгар (97 мард, 71 зан) аз 17 давлати қора ширкат карданд. Ҷумҳурии моро 9 варзишгар - Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳруз Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Абубакри Акобир (-100кг), Темур Раҳимов (+100кг) – намояндагӣ карда, ба гирифтани се медал – ду нуқра, як биринҷӣ шарафёб шуданд.

Медалҳои нуқраро Шодмон Ризоев ва Темур Раҳимов ба даст оварданд. Шодмон дар вазни -81кг дар ҳаштякфинал Чуанг Шанг Чин аз Тайпеи Чин, дар чорякфинал Владамир Золоев ва дар нимфинал Асад Масабиров ҳар ду аз Қирғизистонро мағлуб кард, вале дар финал аз намояндаи Ҷопон Такеши Сасаки шикаст хурд.

Темур дар вазни +100кг дар даври 1/8-ниҳоӣ озод буд ва дар даври чорякфинал бар намояндаи Узбекистон Бекмурод Олтибоев ва дар даври нимфинал бар варзишгари дигари Узбекистон Шоҳрух Бахтиёров ғолиб шуд. Дар финал Темур низ бо варзишгари ҷопонӣ Кокоро Кагуера сабқат кард. Дар вақти асосии ин рақобат Темур нисбат ба рақиб бартарият дошт, лек дар вақти иловагӣ Кокоро як вазари кор кард ва ғолиб шуд.

Медали биринҷиро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг ба даст овард. Барои Сомон ин аввалин дастовард дар вазни -81кг мебошад. Аз ин пеш ӯ дар вазни -73кг гуштин мегирифт.

Сомон Маҳмадбеков дар даври 1/8-ниҳоӣ бар Рамазон Аллабердиеви узбекистонӣ дастболо шуда, дар даври чорякниҳоӣ аз Такеши Сасакии ҷопонӣ ноком гардид. Ӯ сипас дар даври тасаллобахш ҷудокори муғул Эрденбайар Батзайарро аз сари роҳ бардошт ва дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар намояндаи Қирғизистон Асад Масабиров пирӯз шуд.

Ҷудокорони дигарамон – Комроншоҳи Устопириён (-90кг), Абубакри Акобир (-100кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) мавқеи 5-ум ва Шаҳбоз Саидаброров (-66кг) мавқеи 7-умро ишғол намуданд.

Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон бо 2 медали нуқра, 1 медали биринҷӣ, 3 ҷои панҷум ва як ҷои ҳафтум дар ҷои 8-ум мавқеъ гирифт. Се ҷои аввалро Ҷопон (9-3-0), Муғулистон (2-0-5) ва Узбекистон (1-2-6) сазовор гардиданд.