Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОКС: АНУШЕРВОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН МЕДАЛИ БИРИНҶӢ БА ДАСТ ОВАРД

БОКС: АНУШЕРВОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН МЕДАЛИ БИРИНҶӢ БА ДАСТ ОВАРД БОКС: АНУШЕРВОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН МЕДАЛИ БИРИНҶӢ БА ДАСТ ОВАРД

18.07.2022

: 422

13-17 июл дар шаҳри Костанайи Қазоқистон мусобиқаи байналмилалии бокс миёни наврасон ба хотираи бародарон Урал ва Корган Айтановҳо баргузор шуд.

Дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар аз давлатҳои Қазоқистон, Покистон, Тоҷикистон, Полша, Қирғизистон, Узбекистон ва Ироқ иштирок намуданд.

Ҷумҳурии моро 7 варзишгар - Асламҷон Қурбонов (54кг), Абубакр Муродов (60кг), Олимҷон Орифзода (63.5кг), Абдураҳим Ёқубов (63.5кг), Анушервон Ақназаров (67кг), Дилшодхон Саидаҳмадов (67кг) ва Нурланбек Эрматов (75кг) намояндагӣ карда, ба гирифтани як медали биринҷӣ даст ёфтанд.

Медалро Анушервон Ақназаров дар вазни 67кг ба даст овард. Ӯ дар даври аввал бар варзишгари мизбон Максим Штро, дар чорякфинал бар варзишгари дигари мизбон Абилай Сман пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз намояндаи Узбекистон Ҷавоҳир Уматалиев мағлуб шуд.